Роҳбарияти «Амонатбонк» дар чорабинии «Ташхис оид ба навовариҳои бонкӣ» дар Испания иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Раёсати «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» Алиҷон Салимзода дар шаҳри Барселона дар чорабинии «Ташхис оид ба навовариҳои бонкӣ», имрӯз бо ташаббуси Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ (WSBI) ва бо дастгирии «CaixaBank» (Бонки Кайша)-и Испания баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур дар баробари ҳайати «Амонатбонк» аз 21 давлат намояндагони беш аз 70 бонкҳои аъзои WSBI иштирок намуданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ мулоқоти раиси Раёсати «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» Алиҷон Салимзода бо директори WSBI Симонс Питер ва раиси Раёсати Бонки Кайшаи Шоҳигарии Испания Хосе Эгнасио баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки омодаанд дар оянда таҷрибаи пешрафтаи Бонки Кайшаро дар самти рақамикунонии хизматрасонии бонкӣ дар фаъолияти дигар бонкҳои аъзои WSBI амалӣ намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки «Амонатбонк» ҳамчун ҳамчун Институти молиявии давлатӣ татбиқкунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакатро дар самти рушди маҳсулоти рақамӣ саривақт иҷро намояд.
АКС: «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»»








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






