Роҳбарияти «Амонатбонк» дар чорабинии «Ташхис оид ба навовариҳои бонкӣ» дар Испания иштирок намуд

Май 15, 2024 18:15

ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Раёсати «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» Алиҷон Салимзода дар шаҳри Барселона дар чорабинии «Ташхис оид ба навовариҳои бонкӣ», имрӯз бо ташаббуси Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ (WSBI) ва бо дастгирии «CaixaBank» (Бонки Кайша)-и Испания баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур дар баробари ҳайати «Амонатбонк» аз 21 давлат намояндагони беш аз 70 бонкҳои аъзои WSBI иштирок намуданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ мулоқоти раиси Раёсати «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» Алиҷон Салимзода бо директори WSBI Симонс Питер ва раиси Раёсати Бонки Кайшаи Шоҳигарии Испания Хосе Эгнасио баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки омодаанд дар оянда таҷрибаи пешрафтаи Бонки Кайшаро дар самти рақамикунонии хизматрасонии бонкӣ дар фаъолияти дигар бонкҳои аъзои WSBI амалӣ намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки «Амонатбонк» ҳамчун ҳамчун Институти молиявии давлатӣ татбиқкунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакатро дар самти рушди маҳсулоти рақамӣ саривақт иҷро намояд.

АКС: «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»»

Май 15, 2024 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.3660 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур оғоз гардид
Тоҷикистон ва Латвия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ густариш медиҳанд
Ҳабибулло Назарзода дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи граждании минтақаҳои ИКАО иштирок намуд
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» муҳокима шуд
Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1240 то 0.1301 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
Дар Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ ҷорӣ гардид