Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд

Май 3, 2024 10:27

ДУШАНБЕ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар водии Рашт бо раисони  ноҳияҳои Рашт ва Лахш мулоқот ва самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни сафар Сафир бо намояндаи минтақавии Кумитаи  ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон мулоқот намуд, то доир ба навъҳои офатҳои табиӣ дар ин водӣ ва ҳамкории Кумита бо ҷамоатҳо маълумот пайдо кунад. Сафир Микаллер зимни ҳар мулоқот оид ба масъалаи беҳбуд бахшидани иқтисоди Тоҷикистон, идора кардани манбаъҳои табиӣ, сайёҳӣ ва омодагиҳо дар ҳолатҳои фавқулода ибрози назар намуд.

Сафир инчунин бо донишҷӯёне, ки тавассути барномаи Сафорат «English Access Microscholarship Program» дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш забони англисӣ меомӯзанд, мулоқот карда, бо Маркази амрикоӣ дар Ғарм, ки ба ҷавонони минтақа барномаҳои ройгони таълимии синфӣ ва маҷозӣ пешкаш мекунад, шинос шуд.

Сафир Микаллер бо кори кишоварзон таҳти ҳимояти USAID ва Бунёди Оғохон, ки барои дастрасӣ ба бозорҳои боарзиш дар сардхонаҳо сармоягузорӣ мекунанд, шинос шуд. Ин шабакаи кишоварзон барои таблиғи себ ва нокҳои маъруфи водии Рашт талош мекунад. Сафир Микаллер дар сафар ба Рашт дар деҳаи Ҷарф бо боғбони шинохта Мирзошоҳ Акобиров вохӯрда, бо боғи этноботаникӣ ва осорхонаи хусусии ӯ шинос шуд.

Сафир Микаллер ба водии Камароб рафта, аз манзараи зебои кӯҳҳо ҳаловат бурд.

Дар чорчӯбаи лоиҳаи USAID ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва Хадамоти хоҷагии ҷангали Амрико сафир бо намояндагони ин хадамот дар Камароб дарахт шинонд.

АКС: Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон

Май 3, 2024 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад