Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар водии Рашт бо раисони ноҳияҳои Рашт ва Лахш мулоқот ва самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни сафар Сафир бо намояндаи минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон мулоқот намуд, то доир ба навъҳои офатҳои табиӣ дар ин водӣ ва ҳамкории Кумита бо ҷамоатҳо маълумот пайдо кунад. Сафир Микаллер зимни ҳар мулоқот оид ба масъалаи беҳбуд бахшидани иқтисоди Тоҷикистон, идора кардани манбаъҳои табиӣ, сайёҳӣ ва омодагиҳо дар ҳолатҳои фавқулода ибрози назар намуд.
Сафир инчунин бо донишҷӯёне, ки тавассути барномаи Сафорат «English Access Microscholarship Program» дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш забони англисӣ меомӯзанд, мулоқот карда, бо Маркази амрикоӣ дар Ғарм, ки ба ҷавонони минтақа барномаҳои ройгони таълимии синфӣ ва маҷозӣ пешкаш мекунад, шинос шуд.
Сафир Микаллер бо кори кишоварзон таҳти ҳимояти USAID ва Бунёди Оғохон, ки барои дастрасӣ ба бозорҳои боарзиш дар сардхонаҳо сармоягузорӣ мекунанд, шинос шуд. Ин шабакаи кишоварзон барои таблиғи себ ва нокҳои маъруфи водии Рашт талош мекунад. Сафир Микаллер дар сафар ба Рашт дар деҳаи Ҷарф бо боғбони шинохта Мирзошоҳ Акобиров вохӯрда, бо боғи этноботаникӣ ва осорхонаи хусусии ӯ шинос шуд.
Сафир Микаллер ба водии Камароб рафта, аз манзараи зебои кӯҳҳо ҳаловат бурд.
Дар чорчӯбаи лоиҳаи USAID ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва Хадамоти хоҷагии ҷангали Амрико сафир бо намояндагони ин хадамот дар Камароб дарахт шинонд.
АКС: Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






