«ШАРОРАИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз, соати 18:00 дар Майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳи пойтахт» Шоу – барномаи консертии идона таҳти унвони «Шарораи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат хабар доданд.
Дар барномаи фарҳангӣ сарояндагони шинохтаи мамлакат иштирок ва ҳунарнамоӣ намуда, инчунин барои болидахотирии ҳозирин суҳбату вохӯриҳои ҷолиб, озмуну викторина доир шуда, ба ғолибон туҳфаҳои арзишнок, аз қабили телефонҳои мобилӣ, рақамҳои зебо ва мегабайтҳои калонҳаҷм аз ширкати Тселл тақдим мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






