«ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 1, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони ««Шоҳнома» – и Фирдавсӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ шоҳкори бузурги мо, тоҷикон, ки реша дар тамаддуни ориёӣ дорем ва аз насли озодагон ҳастем, паёми нахустқомуси миллии мо- «Авасто»-ро, ки «рафтори нек, кирдори нек ва пиндори нек» мебошад, бо худ дошта, сарчашмаи худшиносӣ ва ифтихори миллии мо маҳсуб мешавад.

Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар асоси сиёсати маънавимеҳвари Пешвои миллат дар баробари анҷоми корҳои бузурги фарҳангӣ бо дарки баланди нукоти омӯзанда, созанда, панду андарзҳои ҳакимонаи осори ниёконамон нашри 50- ҷилдаи осори классикон ва муосирон дар силсилаи «Ахтарони адаб» амалӣ гардид, ки бад-ин восита «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар даҳ ҷилд дастраси хонандагон гардид.

5 декабри соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки «Шоҳнома»- и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва дастраси хонаводаи ҳар тоҷикистонӣ гардонида шавад, ки ин иқдом ниҳояти фазилати фарҳангсолорӣ, хирадварзӣ ва китобдӯстии Пешвои миллат мебошад.

Дар идома доир ба мавзуъҳои ««Шоҳнома» – таҳкимбахши ҳувият ва ваҳдати миллӣ», ««Шоҳнома» — и Фирдавсӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ», «Тараннуми футуввату ҷавонмардӣ дар «Шоҳнома» — Фирдавсӣ, «««Шоҳнома» – номаи паҳлавонӣ ва худшиносии миллӣ» маърузаҳо шунида шуданд.

Ҳозирин ҳамзамон дар бораи нақши бузургу таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва гиромидошти осори гаронарзиши адибон, аз ҷумла шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» сухан гуфта, ҷавононро ба ватандӯстиву худшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Май 1, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид