СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Оид ба нақшии калидии ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд ҳамоиш доир гардид

Май 23, 2024 14:45

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ ҳастанд, ба раванди рушд ва таҳаммул дар ҷомеа такон мебахшанд. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат барои  таъмини пешрафти давлатдории миллӣ ва  татбиқи ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқиву қонунӣ фароҳам омадааст. Чунин изҳор гардид зимни ҳамоише, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш таҳти унвони «Нақши калидии ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд» бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, зимни он таъкид шуд, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад.

«Риояи қонун ва сармашқи фаъолияти худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории мамлакат боис мегардад, ки маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ ва фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад», — гуфт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода.

Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.

Дар ҳамоиш иштирокдорон оид ба моҳияту маҳфуми маърифати ҳуқуқӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки шаҳрвандон бояд ҳуқуқҳои худро донанд, дониши ҳуқуқиашонро сайқал диҳанд, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намуда, аз имконияти мавҷудае, ки давлат барои онҳо фароҳам овардааст, самаранок истифода намоянд.

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»  

АКС: АМИТ «Ховар» 

Май 23, 2024 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд