СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Оид ба нақшии калидии ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ ҳастанд, ба раванди рушд ва таҳаммул дар ҷомеа такон мебахшанд. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат барои таъмини пешрафти давлатдории миллӣ ва татбиқи ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқиву қонунӣ фароҳам омадааст. Чунин изҳор гардид зимни ҳамоише, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамоиш таҳти унвони «Нақши калидии ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд» бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, зимни он таъкид шуд, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад.
«Риояи қонун ва сармашқи фаъолияти худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории мамлакат боис мегардад, ки маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ ва фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад», — гуфт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода.
Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон оид ба моҳияту маҳфуми маърифати ҳуқуқӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки шаҳрвандон бояд ҳуқуқҳои худро донанд, дониши ҳуқуқиашонро сайқал диҳанд, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намуда, аз имконияти мавҷудае, ки давлат барои онҳо фароҳам овардааст, самаранок истифода намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст






