ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 май, душанбе, 134-умин рӯзи соли 2024

Май 13, 2024 08:00

13 майи соли 1940 Боғи ботаникии Помир ифтитоҳ гардид.

 ***

13 майи соли 2010 аввалин маротиба дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

13 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2010 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

*** 

13 майи соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи шашмақом консерти бошукуҳи идона баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои  кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

13 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  баррасӣ шуд.

***

13 майи соли 2019 дар мусобиқаи «Tajikistan Open» теннисбозони Узбекистон ва Полша ғолиб омаданд

***

13 майи соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ намуданд.

***

13 майи соли 2021  байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории самаранок байни ду давлат дар оянда низ идома меёбад.

***

 13 майи соли 2022 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

***

13 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен   Ашимбаевро, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмии ҷавобӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

*** 

13 майи соли 2023 масоили марбут ба ҳамкории  Тоҷикистон ва Туркия дар заминаи ҳифзи муҳити зист  дар Душанбе баррасӣ карда шуд.

13 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

 Дар Русия – Рӯзи хадамоти дидбонӣ-посбонии милитсия.

Май 13, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, душанбе, 225-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, якшанбе, 224-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, шанбе, 223-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, ҷумъа, 222-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, панҷшанбе, 221-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, чоршанбе, 220-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, сешанбе, 219-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, ҷумъа, 215-умин рӯзи соли 2024 аст