ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 май, ҷумъа, 145-умин рӯзи соли 2024

Май 24, 2024 08:00

24 майи соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахустин  бор бо сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия рафтанд.

***

 24 майи соли 2001 дар Минск вохӯрии 10-уми Шурои роҳбарони  сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои  ба роҳ мондани чорабиниҳои муштараки фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба ҷамъиятҳои муташаккилонаи фаромиллии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

24 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими пешвозгирии расмии Президенти вақти Хорватия Степан Месача баргузор гардид.

***

24 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-байналмилалӣ барои ҷавонон-тарҷумонҳои асарҳои бадеии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 майи соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои бадани одам ба фаъолият шуруъ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Беларус бо қарори Шурои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус» сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 байни Тоҷикистон ва Беларус 10 ҳуҷҷати байнидавлатӣ имзо шуд.

***

24 майи соли 2017 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин бахшида ба муаррифии санади стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамоиш доир гардид.

***

24 майи соли 2019  дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

*** 

24 майи соли 2022 тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи сайёҳӣ дар Тошканд баррасӣ шуд.

*** 

24 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

 24 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии морхӯр

***

 Рӯзи байналмилалии мамнуъгоҳҳо.

***

Дар Русия — Рӯзи кормандони шуъбаи кадрҳо.

***

Дар Эритрея – Рӯзи истиқлоли давлатӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Саймуддин Бурҳонов -соли 1907- овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1964).

Май 24, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш