ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 май, сешанбе, 128-умин рӯзи соли 2024

Май 7, 2024 08:00

7 майи соли 2004  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберт Кристиансенро бинобар ба анҷом расидани муҳлати фаъолияташ ва роҳбари нави ҳайат Питер Винглиро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат доир ба дурнамои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати андозу буҷет, такмили якчанд асосҳои ҳуқуқии вобаста ба кодекси андозу гумрук ва сиёсати қарзию пулӣ мубодилаи афкор карда шуд.

***

7 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои  шиносоӣ  бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар намуданд.

***

7 майи соли 2015 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома дар бораи содагардонии тартиби тиҷорат бо Созмони ҷаҳонии савдо  тасдиқ карда шуд.

***

7 майи соли 2019 вакилони Парлумон ҷараёни саноатикунонии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

***

7 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

7 майи соли 2021 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

7 майи соли 2022 Тоҷикистон ва Узбекистон тасмим гирифтанд, ки корхонаҳои муштараки дорусозӣ таъсис диҳанд.

***

7 майи соли 2023 лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи тиллои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гардид.

7 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа

***

Дар Федератсияи Русия, Беларус, Қирғизистон, Арманистон — Рӯзи ихтирои радио

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи муҳофизони Ватан

***

Дар Шотландия — Рӯзи баҳор

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Пӯлод Усмонов -соли 1935, — генетик, доктори илми биологӣ (1974), профессор (1983), узви Акалдемияи илмҳои Тоҷикистон (1997).

Май 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш