Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад

Май 29, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш АМИТ «Ховар» ахбори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳое, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад, нашр намуд. Ба маълумоти шаҳрвандони Тоҷикистон расонида шуд, ки бо ҳалномаҳои Суди Олӣ фаъолияти 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо экстремистӣ-террористӣ эътироф шуда, сомонаҳои интернетии онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон баста шуда, воридоти адабиёти онҳо ба ҳудуди мамлакат манъ аст. Намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа нашр шудани хабари Суди Олӣ ва рӯйхати  ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои экстремистӣ-террористиро тадбири зарурӣ ва саривақтӣ қабул карда, вобаста ба он фикру мулоҳизаҳояшонро ба таври оммавӣ баён карданд. Аз ҷумла, ба суроғаи АМИТ «Ховар» мақолаи ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Искандар Шарифов ворид гардид, ки онро пешкаши хонандагон мекунем.

— Аз қадим дин ва эътиқод силоҳи муборизаи қудратҳо, воситаи таъсир, тавонмандии сиёсӣ  ва неруи бузург буд. Аз азал мухолифатҳо баҳри расидан ба манфиатҳо ошкоро ва гоҳо пардапӯшона зери сояи дин, эътиқод ва боварии инсонҳо оғоз шуда, авҷ гирифта, ба анҷом расонида мешуданд. Аз рӯи ҳамин формула фитнаҳои яҳуду насоро алайҳи ислом ва шариати мусалмонон пинҳону ошкор таҳмил ва ташвиқ меёфтанд.  Ин мухолифатбарангехтанҳо дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI боз ҳам шадидтар ва ошкоротар шуданд. Механизмҳои нави муборизаи қудратҳои сиёсӣ тарҳрезӣ гардиданд. Яке аз чунин механизми таъсиргузор, қудратманд ва даҳшатнок ихтирои «машинаи терроризм» аст. Формулаи «терроризм + дин» тобиши сиёсӣ гирифт ва дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ ба неруи идоранашаванда мубаддал гардид.  Терроризми динӣ яке аз шаклҳои хатарноктарини терроризми байналмилалӣ буда, натиҷаи сиёсати нодурусти давлатҳои офарандаи экстремизм ва терроризм мебошад. Ҷузъ ва таркиби «машинаи терроризми динӣ»-ро ташкилоту созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҳар гуна ҳаракатҳои радикалӣ ва ҷараёнҳои номатлуби исломи бунёдгаро ташкил медиҳанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон бо ҳалномаҳои Суди Олӣ фаъолияти ҳама гуна ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ, ки хусусияти террористӣ-экстремистӣ доранд, манъ аст. Аз ҷумла, 29 созмону ташкилоти террористиву экстремистии зерин: Ҳизби наҳзати исломӣ, ташкилоти «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломии  Узбекистон), Ҳаракати «Толибон», Ташкилоти «Бародарони мусалмон», Ташкилоти «Лашкар-е-Тайба», Гурӯҳи исломӣ (Ҷамъият-е-Ислам-и Покистон), Ҷамъият-е-Таблиғ, Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот», Тоҷикистони озод, Ҳизби таҳрир, «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи динии «Салафия», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Ҳаракати ҷамъияти «Гурӯҳи 24», Ташкилоти «Давлати исломӣ» (Давлати исломии Ироқу Шом), «Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат-ан-Нусра), «Паймони миллии Тоҷикистон», Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ), Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ-ал-Иҷтимоӣ), Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё-ат-Тураз ал-Исломӣ), Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-Ҳарамайн), Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург), Ҷиҳоди Исломӣ — «Ҷамоати муҷоҳиддин», Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво», ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News)  ё «Памир нюс» (Pamir News), ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон», ташкилоти экстремистии «Тоҷикистони нав 2» фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамкорӣ бо ин созмону ташкилот ҷиноят буда, оқибатҳои талх, ногувор ва вазнин дорад.

Ҳамзамон сомонаву расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии ин 29 ҳизбу созмону ташкилоту равияву иттиҳодия, ки ба таблиғи ғояҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ машғуланд, бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шуда, пахш, нашр, таблиғи онҳо, инчунин маъқул донистани (лайк мондан ба) ин саҳифаҳо  ҷиноят ба шумор меравад.

Ҳамчунин хондан, таблиғ ва ташвиқ кардани саҳифаҳои интернетии  ин 29 ҳизбу созмону ташкилоту равияву иттиҳодия  дар сомонаҳои иҷтимоии Facebook,  Instagram, You Tube, Twitter, Одноклассники ҷиноят дониста мешавад. Барои таҳия ва паҳн кардани маводи марбут ба ташкилоти террористӣ – экстремистӣ тибқи моддаҳои 307, 307 эзоҳи 1, 307 эзоҳи 2, 307 эзоҳи 3, 307 эзоҳи 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба муқобили терроризм ва экстремизм мавқеи устувори сиёсӣ гирифта, то ҳоло дар ин набард бо иродаи қавӣ ва руҳи шикастнопазир қарор дорад.  Дар идомаи муборизаҳо 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш тасдиқ намуданд.

«Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шудаанд, мутобиқ ба иқдоми Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст. Дар Стратегия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм, самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст. Тибқи моддаи 4-уми ин Стратегия «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд» ва мутобиқи моддаи 8-ум, «Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуии пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд».

Масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятии номбурда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зерини аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ба танзим дароварда шудаанд:

—  Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948)

— Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ (соли 1966)

— Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ (соли 1965)

— Эъломияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои тоқатнопазирӣ ва табъизи (дискриминатсия) ҳуқуқ дар асоси дин ё ақида (соли 1981)

— Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон (1995)

— Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм (соли 2001).

Тавре ки мебинем, ҳалномаҳои Суди олии Тоҷикистон дар бораи террористӣ ва экстремистӣ этироф намудани 29 ҳизбу созмону ташкилоту равияву иттиҳодия, ки ба таблиғи ғояҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ машғул мебошанд, дар асоси санадҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро этироф кардааст, қабул гардидаанд.

Воқеан ҳам вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дар баробари манъ намудани фаъолияти ташкилот ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷавобгариро барои чунин кирдорҳои барои давлат ва ҷамъият хавфнок пурзӯр намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати  ташаббускор бар зидди муқовимат бо терроризм ва экстремизм ба шумор меравад.

Мавқеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани содиршавии амалҳои террористӣ дар пайванд ба амнияти миллӣ ва манфиатҳои мамлакат заминагузорӣ шудааст. Чунин мавқеъгирӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ беназир буда, ба дигар кишварҳои олам мавқеи Тоҷикистонро намоиш медиҳад, ки нисбат ба терроризм ва экстремизм муносибати оштинопазир дорад. Мавқеи Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир тақозои вақту замон буда, аз ҳар шаҳрванди мамлакат зиракиву ҳушёрӣ ва бетараф набудан нисбат ба ояндаи давлату миллатро талаб менамояд.

Искандар ШАРИФОВ,
ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Май 29, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд