Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд

Ноябрь 17, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳ моҳи соли равон аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбат ба 1312 волидайн тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Кормандони милитсияи пойтахт иброз медоранд, ки мутаассифона, дар аксар маврид наврасон бо суиистифода аз беназоратӣ ва бемасъулиятии падару модарон ба кирдорҳои гуногуни ношоям ва ҳатто ҷиноятҳои вазнин даст мезананд.

Бо назардошти тамоюли афзоиши содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ аз ҷониби наврасон масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷомеа, хусусан падару модарон ва масъулони соҳаро даъват менамоянд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд.

Дар ин замина баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби наврасон ба таълиму тарбия бояд дар мадди аввал қарор гирад, зеро ояндаи давлату миллат маҳз аз насли бофарҳанг ва боилму донишманд вобаста аст.

Мутаассифона, вақтҳои охир аз ҷониби наврасону ҷавонон ҷиноят содир гардида, қонунвайронкуниҳои гуногун ба назар мерасанд.

Чанде пеш Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт як гурӯҳ ноболиғон байни ҳамдигар муноқиша намудаанд, ки ин боиси ба ҳалокат расидани як ноболиғ ва ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштани навраси дигар гардидааст.

Зимни тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки наврасон ҳангоми муноқиша аз ашёи халандаю бурранда, махсусан корд истифода намудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки гумонбаршаванда Раҳматшозода Н. аз сабаби нофаҳмиҳои лафзӣ, ки қаблан тавассути шабкаҳои иҷтимоӣ бо ноболиғ Раҷабов А. доштаанд, муноқишаи гурӯҳӣ ташкил намудааст. Дар натиҷа Раҳматшозода Н. бо корд ба қисматҳои гуногуни бадани Раҷабов А. зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбат ба дигар иштирокчиёни ин муноқиша ва сабабу омилҳои сар задани он тафтиш идома дорад.

Доир ба таҳлилу баррасӣ ва пешгирии кирдорҳои ҳуқуқвайронкунию ҷинояткории ноболиғон кормандони милитсияи пойтахт, намояндагони Прокуратураи шаҳри Душанбе, масъулони соҳаи маориф ва намояндагони бахши кор бо ноболиғон бо волидайни хонандагони беш аз 15 муассисаи таълимии ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ин ҳодисаи муноқишаи гурӯҳии наврасони ноҳияи Фирдавсӣ мавриди муҳокима ва таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки сарфи назар аз таъкидҳои доимӣ то ҳол баъзе волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони худ бемасъулиятӣ ва беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб мегардад, ки наврасон дар кӯчаҳо бо корд шабона ба оворагардӣ, бозиҳои компютерӣ, истеъмоли чилим ва дигар амалҳои зиддиҷамъиятӣ машғул шуда, оқибат даст ба ҷиноят мезананд.

Дар вохӯрӣ аз ҳама волидайн ва шахсоне, ки наврасон зери тарбияи онҳо қарор доранд, талаб карда шуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, барои пешгирии чунин ҳолатҳои нохуш ҳисси масъулият ва назорати доимиро тақвият бахшанд.

«Таваҷҷуҳи ҷиддии оила ба таълиму тарбияи фарзандон, муҳити солими хонаводагӣ ва ҳамкории зич бо муассисаҳои таълимӣ метавонад пеши роҳи бисёр ҳолатҳои номатлубро бигирад»,-гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Инчунин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки ду хонандаи синфи 11-и яке аз муассисаҳои таълимии пойтахт бо худ чилими электронӣ (калян) оварда, онро дар дохили муассиса истифода бурдаанд. Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба волидайни ноболиғон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардид.

Ҳамчунин кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ — 2 дар ноҳияи Сино як далели ҳуқуқвайронкуниро ошкор намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки се ноболиғ дар содир намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ гумонбар дониста шуданд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки ноболиғон Ғоибов И., Кабиров Р. ва Хайриддинов П. бо маслиҳати пешакӣ силсилаҷиноятҳои роҳзаниро содир намудаанд.

Аз ҷумла, дар кӯчаи Нусратулло Махсум ноболиғ Собиров Х-ро мавриди латукӯб қарор дода, бо истифода аз корд ба ӯ таҳдид намудаанд ва телефони мобилияшро рабудаанд.

Тибқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда уҳдадоранд, ки ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъа­дор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд. Вале аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ин қонунро на ҳама падару модарон риоя менамоянд.

Ҳукумати мамлакат муҳимияти масъалаи таълиму тарбияро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дарк намуда, ҳамеша онро дар мадди назари худ қарор додааст. Дар ин радиф аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (ҳоло «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак») изҳор дошта буданд, ки «фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».

Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона карда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд. Зеро Ҳукумати мамлакат барои наврасону ҷавонон тамоми шароитро фароҳам овардааст, то онҳо соҳибмаълумот гардида, дар пешрафти мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

 

 

Ноябрь 17, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд