Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
ЛАХШ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири рушд додани соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар доираи татбиқи «Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои обӣ ва обёрӣ дар Тоҷикистон» ба ноҳияи Лахш як экскаватори чархдори тамғаи JH 9155, соли бароришаш 2025, ғунҷоиши белаш 0,6 метри мураббаъ ворид карда шуд. Экскаватор аз мувозинаи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» ба мувозинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи ноҳияи Лахш гузаронида шуд.
Мақсади асосии ворид кардани ин экскаватор самаранок истифода бурдани заминҳо, тозакунӣ ва барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, аз ҷумла заҳбуру заҳкашҳои дохили хоҷагиҳо ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштану сари вақт бартараф кардани офатҳои табиӣ дар заҳбуру каналҳо мебошад.
Ҳамчунин бо иқдоми роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми мустақили 57-уми ҳарбикунонидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Лахш, ки ноҳияи дурдасттарин ва наздисарҳадӣ ба ҳисоб меравад, мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунии тамғаи “АС ДОНГ ФЕНГ”, соли бароришаш 2025, истеҳсоли Чин дастрас карда шуд.
Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни тақдими техникаҳои мазкур ба роҳбарияти идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва ба роҳбарияти қисми мустақили 57-уми ҳарбикунонидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Лахш барои самаранок истифода намудани техникаҳо ва ба ин восита беҳтар намудани вазъи соҳаҳои кишоварзию сӯхторхомӯшкунӣ дастур дод.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш










Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






