Тоҷикистон ва Чин барои сармоягузорӣ ба кони ангишти «Шӯроб» созишнома ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 май байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd.-и Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба амалӣ намудани ҳамкории сармоягузорӣ барои ба кор андохтани фаъолияти истихроҷи кони ангишти «Шӯроб» ба имзо расонида шуд. Созишнома зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдоии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Раиси Корпоратсияи «China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd» Ли Мао ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорат.
Гуфта шуд, ки ин корпоратсия яке аз азимтарин гурӯҳи корхонаҳо оид ба истихроҷ ва коркарди ангишти энергетикӣ ва коксшаванда дар асоси технологияҳои «сабз» буда, ба қатори 50 ширкати азими «сабз»-и саноатӣ ва 500 ширкати калонтарини эҳсонкори Ҷумҳурии Мардумии Чин дохил мебошад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкории стратегии давлатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Корпоратсия аллакай дар самти бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 мВт (400 миллион доллар сармоягузорӣ) ва лоиҳаи истихроҷ ва коркарди ангишти кони «Шӯроб» бо иқтидори солонаи истихроҷи 1 миллион тонна ангишт бо коркарди минбаъдаи он ба маҳсулоти кимиёвӣ (60 миллион доллар сармоягузорӣ) ба фаъолият оғоз намудааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва совдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






