Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Раиси Шурои мунисипалии шаҳри Чэндуи Чин мулоқот намуд

Май 29, 2024 08:57

ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 май вохӯрии Вазири рушди  иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Раиси Шурои мунисипалии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди иқтисод, савдо, саноат ва маориф муҳокима  шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки Чин дуюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон имконоти сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатиро муаррифӣ карда шуда, даъват гардид, ки ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ, маҷмааи нассоҷӣ баҳри ба роҳ мондани сикли пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, корхонаҳои фармасевтӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки мамлакат сармоягузорӣ карда шавад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2024 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид