Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шаҳбози Аброрро тибқи риояи қонунгузории мамлакат расман тасдиқ намуд

Май 31, 2024 11:49

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз 20 рӯзи омӯзиш қарорҳои дахлдори Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистонро тасдиқ ва нусхаи санади расмии бақайдгирии ҳизби сиёсиро ба номи раиси тозаинтихоби ҳизб Шаҳбози Аброр ба Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон ирсол намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла дар мактуби расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ҳизби демократи Тоҷикистон минбаъд фаъолияти оинномавии худро тибқи оинномаи ҳизб идома диҳад».

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2024 Ҳизби демократи Тоҷикистон зери роҳбарии муовини аввали раиси ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода Анҷумани ғайринавбатӣ баргузор намуд.

Тибқи хулосаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, фаъолияти ҳизб дар давраи солҳои 2022-2024 ғайриқаноатбахш эътироф гашт. Пешниҳод гардид, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб тағйирот ворид карда шавад.

Вакилони анҷуман номзадии се нафар, аз ҷумла Шаҳбози Аброр, Ҷаббор Юлдошев ва Илёсиддин Саидҷаъфаровро ба мақоми раиси ҳизб пешниҳод намуданд. Илёсиддин Саидҷаъфаров ихтиёран номзадиашро боз хонд.

Аз ҳайати умумии вакилон, ки 94 нафарро ташкил медод, 64 нафар ба тарафдории Шаҳбози Аброр ва 8 нафар ба ҷонибдории Ҷаббор Юлдошев овоз доданд.

Ҳамин тариқ, дар асоси овоздиҳии кушода Шаҳбози Аброр бо гирифтани теъдоди бештари овозҳо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид.

Ҳамчунин бо пешниҳоди вакилони анҷуман ва дар асоси овоздиҳӣ Аҳмадшоҳ Комилзода муовини аввал ва Зӯҳро Мирзоева муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуданд.

АКС аз бойгонӣ

Май 31, 2024 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад