35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Деваштич бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд мешавад

Июнь 4, 2024 19:30

ДУШАНБЕ, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иншоот тариқи ҳашар аз тарафи аъзои ҳизб ва кулли мардуми ноҳия бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.​

Мувофиқи лоиҳа, дар бино ​ 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, китобхона ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд. Масъулин азм доранд имсол иншоотро бо сифати баланд ва риояи ҳатмии талаботу меъёри бинокорӣ ба истифода диҳанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия фаъолияти муназзам дошта, саҳми кормандон ва аъзои он дар пешрафт ва анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ назаррас мебошад. Дар ноҳияи Деваштич зиёда аз 9000 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 98 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 4, 2024 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд