Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи бозиҳои варзишии БРИКС 2024 дар шаҳри Қазон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар бинои консертии ба номи Илгам Шакироваи Маркази байналмилалии намоишгоҳи «Қазон Экспо» – и шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия кушодашавии тантанавии бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС – 2024 баргузор шуд, ки дар он аз Тоҷикистон 110 варзишгар иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бозиҳои варзишӣ нахустин маротиба дар қолаби нав баргузор гардида, зимни он дар баробари варзишгарони кишварҳои БРИКС инчунин варзишгарони якчанд кишваре, ки аз ҷониби мизбони ин мусобиқаи сатҳи баланд даъват шудаанд, қувваозмоӣ менамоянд.
Ин бозиҳои варзишӣ 4000 варзишгарро аз 100 кишвари олам ба ҳам меоранд. Онҳо аз 12 то 23 июн барои ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯи 27 намуди варзиш дар 17 иншооти варзишии шаҳрҳои Қазон ва Москва рақобат менамоянд.
Бояд гуфт, ки аз ҳайати 110-нафараи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 35 нафар вориди шаҳри Қазон шуда, дар ифтитоҳи бозиҳои варзишии БРИКС 2024 иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






