Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи бозиҳои варзишии БРИКС 2024 дар шаҳри Қазон иштирок намуд

Июнь 14, 2024 09:31

ДУШАНБЕ, 14.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар бинои консертии ба номи Илгам Шакироваи Маркази байналмилалии намоишгоҳи «Қазон Экспо» – и шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия   кушодашавии тантанавии бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС – 2024 баргузор шуд, ки дар он аз Тоҷикистон 110 варзишгар иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бозиҳои варзишӣ нахустин маротиба дар қолаби нав баргузор гардида, зимни он дар баробари варзишгарони кишварҳои БРИКС инчунин варзишгарони якчанд кишваре, ки аз ҷониби мизбони ин мусобиқаи сатҳи баланд даъват шудаанд, қувваозмоӣ менамоянд.

Ин бозиҳои варзишӣ 4000 варзишгарро аз 100 кишвари олам ба ҳам меоранд. Онҳо аз 12 то 23 июн барои ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯи 27 намуди варзиш дар 17 иншооти варзишии шаҳрҳои Қазон ва Москва рақобат менамоянд.

Бояд гуфт, ки аз ҳайати 110-нафараи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 35 нафар вориди шаҳри Қазон шуда, дар ифтитоҳи бозиҳои варзишии БРИКС 2024 иштирок намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2024 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид