Армида Салсия Алишаҳбана: «Умедворам, ки баъди конфронси об ҳамкорӣ байни кишварҳо боз ҳам устувортар мегардад»

Июнь 11, 2024 12:15

ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Умедворам, ки баъд аз ин конфронс ҳамкорӣ на танҳо байни кишварҳо, балки байни тарафҳои манфиатдор низ мустаҳкамтар мешавад», — изҳори умедворӣ намуд Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО)  Армида Салсия Алишаҳбана имрӯз дар брифинг барои рӯзноманигорон, ки баъд аз вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир гардид.

Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором аз дидани Душанбе ва иштирок дар ин чорабинии бузург изҳори қаноатмандӣ намуд.

«Ман хушҳол ҳастам, ки дар конфронси Раванди оби Душанбе иштирок менамоям. Мехостам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Ҳукумати Тоҷикистонро барои татбиқи ташаббус оид ба об табрик намоям.  Тоҷикистон бо ташаббусҳояш дар самти об дар ҷаҳон пешсаф аст. Об хеле муҳим аст, хусусан барои ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳифзи табиат. Об калиди рушди иқтисодӣ, беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоӣ ва бисёр чизҳои дигар маҳсуб мешавад», — афзуд Армида Салсия Алишаҳбана.

Июнь 11, 2024 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд