Барои таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор додани кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд дар вилояти Хатлон 14 муассисаи интернатӣ фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Маркази баргузории ҳамоиш гулгашти «70-солагии водии Вахш» интихоб гардида буд. Меҳмонон нахуст намоишгоҳи дастовардҳо ва ҳунармандии тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Бохтарро тамошо намуданд.
Гуфта шуд, ки имсол барои давраи таътили тобистона дар вилоят фаъолияти 948 майдончаи солимгардонӣ, лагеру истироҳатгоҳҳои назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, мактаб-интернатҳо, лагерҳои истироҳатию меҳнатӣ ва осоишгоҳҳои беруназшаҳрӣ бо фарогирии 191 290 кӯдак ба нақша гирифта шудааст.
Бо ғамхориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ беҳтар гардида, дар айни замон дар 1386 муассисаи таҳсилоти умумии вилоят 867 185 нафар хонандагон таҳсил намуда, шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 168 адад ва шумораи марказҳои инкишофи кӯдак ба 2186 адад расидааст, ки ба онҳо 86793 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд.
Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар вилояти Хатлон 564 нафар ятимони кулл, аз ин 127 нафарашон то 18-сола ва 437 нафарашон донишҷӯ мебошанд. Ҳамчунин 13073 нафар кӯдакони маъюби то 18-сола сабт шудаанд, ки ҳар моҳ бо нафақапулӣ таъмин карда мешаванд.
Барои таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор додани кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд дар вилоят 14 муассисаи интернатӣ бо фарогирии 2145 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат, аз ҷумла 28 нафарашон ятимони кулл фаъолият доранд, ки дастгирии доимии онҳо дар мадди назари ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дошта, пайваста ба онҳо кумак расонида мешавад.
Мояи ифтихор аст, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро бо истеъдоди комили худ дар сатҳи байналмилалӣ машҳур менамоянд. Онҳо дар сабқатҳои байналмилалии зеҳнӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд, ки натиҷаи таълиму тарбияи дурусти волидону устодон аст.
Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти кӯдакон, наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир мегардад. Ин имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои дар доираи «40 рӯзи ҳаёти кӯдакон» доиргардида Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ чорабинии идонаро шукуҳ бахшид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






