Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳлили макроиқтисодӣ/барномасозии молиявӣ ва сиёсат даври омӯзишӣ ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва Донишкадаи Муттаҳидаи Вена (JVI) барои мутахассисони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Агентии омор ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳлили макроиқтисодӣ/барномасозии молиявӣ ва сиёсат даври омӯзишӣ оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар оғози давраи омӯзишӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ иброз дошт, ки мавзуи давраи омӯзишӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад, зеро маҳз барномасозии молиявӣ асоси таҳлили вазъи кунунии иқтисодиёт, пешгӯии самти рушди он ва муайян намудани тадбирҳои сиёсати иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Давраи омӯзишӣ то 7 июн идома ёфта, иштирокдорон дар ин муддат метавонанд бо воситаҳои асосие, ки дар барномасозии молиявӣ ва сиёсат барои таҳлил ва пешгӯии маълумот истифода мешаванд, шинос гардида, дар оянда онҳоро дар амал татбиқ намоянд.
Барои гузаронидани даври омӯзишӣ таҳлилгарони иқтисодии CCAMTAC ва JVI даъват шудаанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд






