Бозингари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов расман ба дастаи «Ростов»-и Русия гузариш намуд

Июнь 18, 2024 18:41

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимов ба дастаи «Ростов»-и Русия гузариш намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва намояндаи Лигаи Бартари Русия — дастаи футболи «Ростов» созишнома дар бораи гузариши дарвозабон Рустам Ятимовро ба имзо расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки маблағи гузариши дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дастаи «Ростов»-и Русия зиёда аз 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ менамуд ва дар ин муддат бо даста қаҳрамони бисёркаратаи мамлакат, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон шуд.

Қобили тазаккур аст, ки Рустам Ятимов дар якҷоягӣ бо даста ба марҳилаи 1/8 финали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 роҳхат гирифта буд. Номбурда дарвозабони асосии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2023 мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар

Июнь 18, 2024 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд