Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба об бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи пленарӣ баргузор шуд

Июнь 12, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 12.06.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 июн оғоз гардид, 12 июн ҷаласаи пленарии конфронс бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода анҷом ёфт. Дар ин хусус хабарнигорони АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳанд.

Иштирокдорони ҷаласаи пленарӣ масъалаҳои марбут ба обу иқлим, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об, тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти коҳиш додани пайомадҳои марбут ба обу иқлим, нақши Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар ҳалли масъалаҳои гуфташударо баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, хусусан ташаббуси панҷуми мамлакати мо, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2022 бо иттифоқи орои кулли давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, саривақтӣ ва муҳим мебошанд. Зеро дар асоси қабули ин қатънома соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

Инчунин дар асоси ин қатънома Фонди ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд, ки Тоҷикистон аввалин шуда, дар суратҳисоби ин фонд саҳм гузошт.

Иштирокдорони ҷаласаи пленарӣ бар он андешаанд, ки баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бори дигар ҷомеаи ҷаҳонро ба андешидани тадбирҳои муассир дар самти обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист водор менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 11 июн бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид.

Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мавзуи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори он яке аз авлавияти сиёсати Тоҷикистон муайян гардидааст. Бо дахли ҷонибдории ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад».

 Марзия САИДЗОДА,
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд