Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалии муҳитизистӣ дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шудааст. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист баргузор гардид, иброз намуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ доданд, ки раиси кумита тамоми кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро табрик намуда, бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист дар солҳои Истиқлоли давлатӣ афзуд, ки шаҳри Душанбе давоми даҳсолаи охир дар татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони баргузории чорабинию ҳамоишҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои обу иқлим гардидааст, ки ин раванд, пеш аз ҳама, ба беҳдошти глобалии муҳити зист мусоидат мекунад.
Дар ҳамоиш кормандон, аз ҷумла, собиқадорони соҳа низ сухан намуда, аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат таҳти ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳои баланд доданд. Тибқи фармоиши раиси кумита як зумра фаъолон ва собиқадорони соҳаи муҳити зист бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии ҳифзи муҳити зист», «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» ва Ифтихорномаю Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон бегоҳии 5 июн Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист барномаи идонаи фарҳангию фароғатӣ баргузор намуд. Дар барномаи идона намоиши эҷодии хонандагону донишҷӯён ташкил гардида, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид сарчашма гирифта, 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расидааст.
Соли 1972 дар пойтахти Шветсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт ва дар кори он намояндагони 113 давлати олам иштирок намуданд. Тибқи қарори қабулнамудаи ин конфронс 5 июн Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист эълон шуд ва он ҳамасола таҷлил мешавад.
Дар даврони соҳибиистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар сатҳи баланди тарғиботию ташвиқотӣ таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида шуда, масъалаҳои ҳалталаби муҳити зист мавриди таваҷҷуҳи умум қарор дода мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






