Дар Душанбе давраи шаҳрии мусобиқаи хурди футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид

Июнь 7, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе маросими ифтитоҳи даври шаҳрии мусобиқаи хурди футбол байни ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дар доираи тантанаҳои Рӯзи ҷаҳонии футбол гузаронида шуда, ҳадафаш ташвиқи бозии футбол байни аҳолӣ ва ҳамовозӣ ба қабули ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд.

Дар мусобиқа дастаҳо аз 4 ноҳияи пойтахт то 11 июн байни ҳам бозӣ намуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 дастаи футболбозони ҷавон, ки ғолибони даври якуми мусобиқаи хурди футбол дар намуди ғайрикасбӣ мебошанд, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Мусобиқаи хурди футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Июнь 7, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад