Дар Душанбе Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан баргузор мегардад

Июнь 20, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Корхонаю ширкатҳои пойтахт, ки ба истеҳсоли яхмос ва обҳои ташнагишикан машғуланд, маҳсулоти худро дар даври шаҳрии Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан ба намоиш мегузоранд. Фестивал дар се давр доир гардида, ғолибони он ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Бояд гуфт, ки Фестивали мазкурро Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ шудааст, баргузор менамояд.

Ҳадаф аз баргузории фестивал ин баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию саноатӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти ватанӣ, рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ ва содироти ин навъи маҳсулот ба ҳориҷи мамлакат мебошад.

Яхмос — рамзи хушбахтии кӯдакист. Ин ширинии яхбаста ҳамеша барои кӯдакон ва бисёри калонсолон яке аз анвоҳои лазиз ва дӯстдошта буд ва хоҳад монд.

Таърихи ихтирои ин ширинии машҳур аз давраҳои тамаддунҳои қадимтарини Осиё — Чин ва Мовароуннаҳр сарчашма мегирад. Искандари Мақдунӣ, Наполеон ва Ҷорҷ Вашингтон яхмосро меписандиданд ва якчанд нафар барои он гувоҳномаи муаллифӣ (патент) гирифтанд.

Аз рӯи сарчашмаҳо, таърихи яхмос зиёда аз 5000 солро дар бар мегирад. Ҳанӯз 3000 пеш аз милод сарватмандони Чин шириниҳои ба яхмос монанд истеъмол мекарданд. Онҳо барф, ях ва пораи афлесун, лимӯ ва тухми анорро бо ҳам омехта, яхмос омода менамуданд. Ҳатто Императори чинӣ Тангу дастурамали шахсии худро дар бораи тарзи омода намудани яхмос аз ях ва шир таҳия намуда буд. Дастурамал ва тарзу усулҳои омода кардани яхмос махфӣ нигоҳ дошта мешуд ва танҳо он дар асри 11 то мелод ба воситаи китоби «Шикинг» ошкор карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд