Дар Душанбе Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист таҷлил карда шуд

Июнь 6, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 06.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 июн бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» барои  иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Нахуст меҳмонону иштирокчиён бо намоишгоҳи дастовардҳои соҳа ва маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбии ҳудуди пойтахт ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуда, ба анвои гуногуни маҳсулоти ба намоиш гузошта баҳои баланд доданд.

Дар оғози ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода доир ба ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.

Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист чанд озмуну мусобиқа баргузор карда шуда, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.

Гуфта мешавад, ки тамоми ин дастоварду муваффақияти соҳа самараи дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Дар идомаи ҳамоиш барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду таронаҳои тараннумгари меҳанпарастиву ватандӯстӣ дар иҷрои ҳунармандони касбӣ пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июнь 6, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад