Дар Душанбе Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 июн бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» барои иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиён бо намоишгоҳи дастовардҳои соҳа ва маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбии ҳудуди пойтахт ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуда, ба анвои гуногуни маҳсулоти ба намоиш гузошта баҳои баланд доданд.
Дар оғози ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода доир ба ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.
Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист чанд озмуну мусобиқа баргузор карда шуда, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.
Гуфта мешавад, ки тамоми ин дастоварду муваффақияти соҳа самараи дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду таронаҳои тараннумгари меҳанпарастиву ватандӯстӣ дар иҷрои ҳунармандони касбӣ пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад






