Дар Эрон нишасти фарҳангии «Шаби устод Садриддин Айнӣ» баргузор гардид

Июнь 20, 2024 18:37

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Хонаи ҳунармандони Эрон бо ибтикори маҷаллаи «Бухоро» ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар  Эрон нишасти фарҳангии  «Шаби устод Садриддин Айнӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар медиҳад.

Нишасти мазкурро Сардабири маҷаллаи «Бухоро» Алии Деҳбошӣ  ифтитоҳ намуда,  аҳамияти шинохти шахсият ва осори устод Садриддин Айниро  дар Эрон ба унвони яке аз маъруфтарин чеҳраҳои  олами тоҷикзабон таъкид кард.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ шахсияти Садриддин Айниро мазҳари ҳастии маънавии тоҷикон ва осори мондагори устодро сарчашмаи  дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик дар қарни ХХ номид.

Низомиддин Зоҳидӣ оид ба нақши ин абармарди таърихи тоҷикон дар ҳифзу бақои ҳувияти миллӣ, ҳастии маънавӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар солҳои бистуми қарни ХХ, ки давраи сарнавиштсози таърихи миллат буд, ишора намуд ва таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро намунаи олии фидокории маънавии устод дар ростои мубориза  барои исботи ҳастии миллати тоҷик ба унвони миллати куҳан ва тамаддунофари Осиёи Марказӣ  арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки устод Айнӣ дар солҳои баъдӣ дар ташаккул ва  рушди адабиёти бадеӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, луғатнигорӣ ва самтҳои дигари ҳаёти маънавии Тоҷикистон саҳми бузург гузошт ва барҳақ бунёнгузори адабиёти муосири тоҷик ва падари маънавии миллат эътироф гардид. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо устод Садриддин Айниро  барои  хидматҳои бузург бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»  сарфароз гардониданд, балки худ низ кори бузурги устодро дар миллатсозӣ бо ибтикороти сарнавиштсоз дар ростои давлатсозии миллӣ дар замони Истиқлоли Тоҷикистон идома бахшиданд.

Донишмандони айнишиноси Эрон Алиашрафи Шабистарӣ, Масъуди Ирфониён, Ораши Эронпур, Муҳсини Фараҳбар, ҳамчунин муҳаққиқи маъруфи тоҷик Абдулхолиқи Набавӣ нуқтаҳои муҳиммеро дар бораи паҳлуҳои гуногуни шахсият ва осори Садриддин Айнӣ ва нақши боризи устод дар рушди адабу фарҳанги тоҷикон баён доштанд.

Дар нишасти мазкур ҳамчунин ду асари ҷадиди айнишиносии эронӣ — «Таърихи иҷтимоии Бухоро бар асоси «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (2 ҷилд, таълифи Озито Ҳамадонӣ) ва нашри нави китоби устод Айнӣ  «Ахгари инқилоб» ба хатти форсӣ (таҳиягар Ораши Эронпур) рӯнамоӣ гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Июнь 20, 2024 18:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд