Дар Хоруғ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллои Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзишӣ ва бозии кӯдакона ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.
Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, бунёди майдончаи варзиширо барои машғул шудан ба варзиш ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна амалҳои носолим муҳим арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки наврасону ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода бурда, ҳарчӣ бештар ба машқу солимии бадан шуғл варзанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди иншооти мазкур ҳамзамон майдонча барои бозии кӯдакон низ сохта шудааст.
Сокинони маҳалла аз ин иқдоми нек изҳори қанотмандӣ намуда, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят баён намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






