Дар ноҳияи Рӯшон омодабошии нерую воситаҳои ҳудудӣ ва захираи сафарбарӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд

Июнь 23, 2024 09:48

    ХОРУҒ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар ноҳияи Рӯшон санҷиши қувваю воситаҳои ҳудудӣ ва захираи сафарбарӣ аз назар гузаронда шуд, ки дар он беш аз якуним ҳазор нафар иштирок кард, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Ин чорабинӣ ба хотири ҳифзи дастовардҳои ваҳдати сартосарӣ ва  истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар он шахсони  аз 25 то 55-сола иштирок намуданд.

Аз соли 2000-ум то ин ҷониб дар асоси нақшаи мукаммали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозони эҳтиётӣ ба тамринҳои муштараки омӯзишӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаро гирифта мешаванд. Ин навбат дар Фурудгоҳи ҳавоии маркази ноҳияи Рӯшон шаҳраки Вомар чунин як санҷиши қувваю воситаҳои ҳудудӣ ва захираи сафарбарӣ доир гардид, ки дар он муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Сафарзода ва раиси ноҳияи Рӯшон Илҳом Аҳмадзода  иштирок намуда, санҷиши омодабоширо дар ноҳияи Рӯшон аз наздик мушошоҳида карданд.

Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки «чунин тамринҳои санҷишию омӯзишӣ дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузаронида шуданд ва  ин навбат тибқи нақша, баргузории чунин тадбири муҳиму муассир дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнону Рӯшон баргузор карда мешаванд. Ҳадафи ин иқдом пеш аз ҳама муайян намудани қувваю воситаҳои ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ ба ҳисоб рафта, бо такя ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар робита ба вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, шиддати ҷанги сард, таҳдиду хатарҳои муосир–терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии ҷумҳуриамон тадбирҳои иловагиро пиёда намоем».

Муовини Вазири мудофиа дар идомаи суҳбаташ баён дошт, ки фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари маишиву касбии сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ниҳодҳои низомию амниятӣ ва қудратӣ яке аз дигаре аз дигар тадбирҳое мебошанд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста чораҳои мушаххас меандешад.

Ҳамчунин номбурда изҳори миннатдории хосро ба раиси вилоят ва падарону модарони даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ баён намуд ва арз дошт, ки ватандӯстиву хирадсолории мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки давоми чанд соли охир нақшаи даъвати тирамоҳиву баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як рӯз ва сифатнок таъмин карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарбаркунии умумӣ зарурат мавҷуд намебошад, зеро дар қаламрави мамлакат фазои сулҳу субот таъмин буда, баргузории чунин чорабиниҳо танҳо ба хотири боло бурдани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ равона шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар ноҳияи Данғара вохӯрии масъулин бо сокинон бо усули «Маҳал ба маҳал» ва «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲАР КАС БА ЗАБОНИ ХУД СУХАНДОН ГАРДАД. Китобҳо дар нигоҳ доштани забон нақши аввалияро мебозанд
Дар кӯчаҳои Хоруғ 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд