Дар рӯзи аввалини бозиҳои БРИКС варзишгарони тоҷик 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн, дар рӯзи аввали Бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС – 2024 4 варзишгари тоҷик дар намуди самбо қувва озмуда, 2 нафар медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар вазни 64 кг Сорбон Латифов ва дар вазни 79 кг Деваштич Убайдӣ барандагони медали биринҷии ин мусобиқаи байналмилалӣ гардиданд. Инчунин Масъуд Еуканшоев ва Музамадисо Раҷабов дар вазнҳои 58 кг ҷойҳои 5-умро ишғол намуданд.
Имрӯз ду варзишгар аз Тоҷикистон — Зафар Олимшоев дар вазни 88 кг ва Абдуҷаббор Сафаров дар вазни 98 кг ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ин бозиҳои варзишӣ 4000 варзишгарро аз 100 кишвари олам ба ҳам меоранд. Онҳо аз 12 то 23 июн барои ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯи 27 намуди варзиш дар 17 иншооти варзишии шаҳрҳои Қазон ва Москва байни ҳам рақобат менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






