Дар Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

Июнь 11, 2024 21:32

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар шаҳри Риёз вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ дар умури робитаҳои байналмилалӣ хонум Сара Ас-Сайид баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла омодагии ҷонибҳо ба даври навбатии ҷаласаи Комиссия муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Июнь 11, 2024 21:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд