Дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар бояд саҳмгузор бошем

Июнь 1, 2024 12:17

ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара вобаста  торафт шиддат гирифтани ҳолатҳои буҳронӣ дар ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла низоъҳои мухталифи минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии паиҳам  аз ҳама сокинони мамлакат даъват ба амал оварданд, ки барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ  аз тамоми иқтидору заҳираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин имконият, махсусан, дар соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз манбаъҳои асосӣ барои ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ маҳсуб меёбад, зиёд мебошад.

Барои таъмини рушди иқтисод ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳар яки мо вазифадор ва масъул мебошем,  ки  аз ҳар қитъа замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ самаранок истифода намуда, ба масъалаи кишти такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи маҳсулоти озуқаворӣ ва содироти маҳсулоти барвақтию хушсифати кишоварзӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини мамлакат ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳар як оилае, ки замини президентиву наздиҳавлигӣ дорад, мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил мегардем.

Биёед дар асоси  дастуру ҳидоятҳо ва даъватҳои  роҳнамунсози  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми худро мегузорем.

Июнь 1, 2024 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз зебоиҳо ва ободкориҳо дар қалби Тоҷикистон — шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Суратгузориши АМИТ «Ховар»
СУРАТГУЗОРИШ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон писанди иштирокдорон ва меҳмонони Намоишгоҳи «Gulfood 2025» гардид
СУРАТГУЗОРИШ. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо мавзеи обанбори НБО –и «Роғун» шинос шуданд
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷашни Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи авиатсияи тоҷик дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
САЁҲАТИ ТОҶИКИСТОН — ҲАДАФИ МО! Суратгузориши АМИТ «Ховар» доир ба таассуроти меҳмони хориҷӣ пас аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби мамлакат
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Суратгузориш аз иқдоми вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ манзур мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ МУОСИР. Суратгузориш аз зебогиҳои пойтахти Тоҷикистон