ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Камҳаракатии ҷисмонӣ яке аз мушкилоти асосӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул нашудан сабаби марги бармаҳал мегардад. Фаъолияти ҷисмонӣ ба баланд шудани сатҳи дарозумрии одамон мусоидат мекунад. Дар як ҳафта 7 соат машғул шудан бо варзиш 40 фоиз хатари марги бармаҳалро пешгирӣ менамояд. Чунин иброз намуд мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Мирзоев.
Таъкид гардид, ки вақте ки бадан давоми рӯз ба таври кофӣ ҳаракат намекунад, мубодилаи моддаҳо суст шуда, кори тамоми узвҳо вайрон мегардад. Ин ҳолат барои пайдоиши баъзе бемориҳо замина фароҳам меорад.
Бемориҳои дилу раг ва фишорбаландӣ
Дил мисли ҳар мушаки дигар ба машқ ниёз дорад. Бинобар беҳаракатӣ ва ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул нашудан рагҳои хунгард гардиши худро гум карда, дар онҳо равған (холестерин) ҷамъ мешавад. Ин боиси баланд шудани фишори хун, атеросклероз ва зиёд шудани хавфи сактаи дил (инфаркт) ва майна (инсулт) мегардад.
Диабети қанд (навъи 2)
Ҳангоми камҳаракатӣ мушакҳо глюкоза (қанди хун)-ро камтар сарф мекунанд. Ин боиси паст шудани ҳассосияти ҳуҷайраҳо ба инсулин (инсулинорезистентӣ) мегардад, ки сабаби асосии пайдоиши диабети қанди навъи 2 мебошад. Мувофиқи таҳқиқот, ҳатто зиёда аз 2 соат нишастан хавфи ин бемориро то 20 фоиз зиёд мекунад.
Фарбеҳӣ
Вақте ки калорияҳои қабулшуда тавассути ҳаракат сӯзонда намешаванд, онҳо ба намуди чарбу дар бадан, махсусан дар атрофи шикам ва узвҳои дохилӣ (дар ҷигар) захира мешаванд. Ин метавонад ба фарбеҳии музмин ва бемории ҷигари равғанӣ оварда расонад.
Мушкилоти устухонҳо ва мушакҳо
Беҳаракатӣ ва ба варзиш машғул нашудан мушакҳоро хурду заиф мегардонанд. Устухонҳо низ зичии худро гум карда, борик ва шикастанӣ мешаванд, ки ин бемориро остеопороз меноманд. Ҳамчунин нишастани давомдор боиси дарди камар, гардан ва коҳиши моеъи байни буғумҳо мегардад.
Бемориҳои руҳию равонӣ
Камҳаракатӣ на танҳо ба ҷисм, балки ба майна низ таъсир мерасонад. Фаъолияти ҷисмонӣ гормонҳои хушбахтӣ (эндорфин ва серотонин)-ро ҷудо мекунад. Набудани он хавфи афсурдаҳолӣ, изтироб ва хастагии музминро ба таври назаррас боло мебарад.
Баъзе намудҳои саратон
Таҳқиқоти тиббӣ нишон медиҳанд, ки тарзи ҳаёти нишаста хавфи гирифтор шудан ба баъзе намудҳои саратон, махсусан саратони рӯдаи ғафс, сина ва бачадонро зиёд мекунад.
Чӣ бояд кард?
Ба тавсияи мутахассисон, инсон дар як ҳафта 150 дақиқа ё рӯзе 30 дақиқа, 5 рӯз дар як ҳафта пиёдагардӣ ё варзиши сабук анҷом диҳед. Агар одамони калонсол рӯзе 30 дақиқа машқҳои муътадил, ба монанди пиёдагардии тез, дучархасаворӣ ё рақсро иҷро намоянд, ба саломатияшон фоидаовар аст. Кӯдакон бинобар сабаби афзоиши бадан ба ҳаракати бештар ниёз доранд. Онҳо 60 дақиқа дар як рӯз бояд фаъолияти ҷисмонии муътадил ё шадид (бозиҳои серҳаракат, давидан, футбол) анҷом диҳанд.
Фаъолияти ҷисмонӣ барои паст намудани хавфи баъзе намудҳои бемории саратон мусоидат мекунад. Аз рӯи нишондоди Ҷамъияти онкологии амрикоӣ, аз се як ҳиссаи ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории саратон ба истифодаи нодурусти ғизо ва набудани фаъолияти ҷисмонӣ вобастагӣ дорад. Агар инсон ҳар субгоҳон 30 дақиқа ба варзиш машғул гардад ё ҳаракати ҷисмонӣ анҷом диҳад, он хавфи пайдо гаштани аломатҳои эҳсосиро паст мегардонад ва дар муқовимат бар зидди изтироб ҳангоми кор кумак мерасонад. Инчунин исбот шудааст, ки шуғл варзидан ба машқҳои ҷисмонии сабук барои кори дил аз манфиат холӣ нест. Фаъолияти ҷисмонӣ қобилияти рафъ намудани диабети қанди дараҷаи дуюмро дорад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






