Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Инсонҳо бештар дар фасли тирамоҳ ва зимистон (яъне аз моҳи октябр то март) ба бемориҳои роҳҳои нафас ва зуком гирифтор мешаванд. Тамоми бемориҳои роҳҳои нафас ва зуком нишона ё оризаҳои монанд доранд, яъне таби баланд, дарди гулӯ, сулфаи хушк, қайкунӣ, дарунравӣ ва қабзият (сахт шудани шикам). Омилҳои пайдоиш ва роҳҳои муҳофизати организм аз ин бемориҳо кадомҳояд? Таваҷҷуҳ намоед ба шарҳи мо.
Бемориҳои роҳҳои нафас
Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки бемориҳои шадиди роҳҳои нафас як гурӯҳи калони бемориҳое мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо нишонаҳои заҳролудии бадан ва илтиҳоби болои нафас мегузаранд. Ба ин гуна бемориҳо зуком, парагрип, аденовирусҳо, риновирусҳо ва як намуди энтеровирусҳо дохил мешаванд. Дар ҷаҳон аз ҳама зиёдтар бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас дида мешаванд.
Омили гирифторӣ ба ин бемориҳо
Ҳар шахс дар як сол чанд маротиба ба ин бемориҳо гирифтор мешавад. Инчунин ба он бештар кӯдакон дучор мешаванд. Манбаи сироят дар бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас шахси бемор мебошад. Зеро шахси бемор аз давраи нави гирифторшавӣ то шифоёбӣ метавонад барои шахсони солим сироятнок бошад. Баъди 5-7 рӯз миқдори вирусҳое, ки бо нафас мебароянд, камтар шуда, зарари бемор ба атрофиён коҳиш меёбад. Ин беморӣ асосан ҳавоӣ-қатрагӣ мебошад, яъне дар вақти атса ё сулфа задан, суҳбат намудан ҳавои нафас ба атроф паҳн шуда, якчанд муддат дар ҳаво истода, барои шахсони дигар хатарнок мебошад.
Зукомро бояд чӣ гуна пешгирӣ ва муолиҷа кард?
Мутахассисон таъкид менамоянд, ки шахси бемор бояд чаҳор рӯз дар хона бистарӣ шавад. Инчунин бештар обу чой ё моеъи гарм, лимӯ ва хӯрокҳои сабук истеъмол намояд.
Тавсия дода мешавад, ки ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бояд бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан мебошад. Истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард. Қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне шустани даст ва худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард.
Ҳангоми ба зуком мубтало шудан бояд, пеш аз ҳама, бо мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард. Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кард. Имрӯз доруҳои гуногун зиёд шудаанду ҳар кадоми он интихоби фардӣ дорад. Агар як нафар бо як навъи дору сиҳат шавад, ба нафари дигар он, баръакс, таъсири манфӣ мерасонад. Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои зуком дар се рӯз равшан мешаванд. Ҳангоми бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар гузашта, метавонад боиси илтиҳоби шуш гардад. Бемор беҳтараш бистарӣ гашта, духтурро ба хона даъват кунад, то омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимоли паҳн шудани сироят аз байн меравад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






