АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи об аз оғози даврони истиқлол ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон табдил ёфта, ташаббусҳо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид тадриҷан ба рӯзномаи глобалии рушди устувор ворид гардиданд. Оид ба нақш ва аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, захираҳои обӣ, пиряхҳо ва криосфера давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи директори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рамазон Раҳмонзода ва ходими пешбари илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти равандҳои криосферии ин институт Ҷамшед Толиҳов пешниҳод мегардад.
–Об яке аз асоситарин унсурҳои ҳаёт, рушди ҷомеа ва устувории экосистемаҳо ба ҳисоб меравад. Ягон соҳаи муҳими ҳаёти инсон — кишоварзӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, шаҳрсозӣ, муҳити зист ва амнияти озуқаворӣ бе захираҳои обӣ наметавонад рушди устувор дошта бошад. Дар асри XXI масъалаи об аз доираи як масъалаи маҳаллии экологӣ берун рафта, ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти боз ҳам бештар дорад. Ҷумҳурӣ дар минтақаи кӯҳии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, қисми зиёди ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон ҳазорон пирях ва захираҳои барфу ях ташаккул ёфта, онҳо дар низоми гидрологии мамлакат ва минтақа нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, масъалаи омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи криосфера, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва таъмини аҳолӣ бо оби тоза ба масъалаҳои стратегии рушди давлат табдил ёфтаанд.
Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ масъалаи об пайваста дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ қарор дошта, бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила ташаббусҳои байналмилалӣ пешниҳод гардиданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза—2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»—солҳои 2005–2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об—2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028 аз муҳимтарин ташаббусҳои Тоҷикистон мебошанд.
Хусусияти муҳими ин ташаббусҳо дар он аст, ки онҳо танҳо ба ҳалли масъалаҳои об дар дохили ҷумҳурӣ маҳдуд нашуда, масъалаи захираҳои обиро ҳамчун масъалаи умумии башарӣ ба миён гузоштанд. Минбаъд ин раванд ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва тамоми низоми криосфера пайваст гардид.
Об ҳамчун самти стратегии сиёсати давлатӣ
Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти зиёди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди вазъи мураккаби он давра масъалаи рушди устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт.
Дарки аҳаммияти об барои ояндаи ҷумҳурӣ ва минтақа боис гардид, ки Тоҷикистон масъалаи обро дар сатҳи байналмилалӣ пайгирона ба миён гузорад. Ин раванд ба ташаккули он чизе мусоидат намуд, ки имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун дипломатияи обии Тоҷикистон шинохта мешавад.
Қадами муҳими аввал дар ин раванд пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза буд. Қабули чунин ташаббус дар оғози асри XXI аҳаммияти бузург дошт, зеро масъалаи дастрасӣ ба оби тоза, сифати об ва идоракунии захираҳои обӣ дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта буд.
Дар доираи ин ташаббус соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 50 давлат иштирок намуданд. Ин чорабинӣ нишон дод, ки Тоҷикистон метавонад на танҳо ҳамчун давлати дорои захираҳои муҳими обӣ, балки ҳамчун ташаббускор ва майдони муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об низ баромад кунад.
Баъди ин, ташаббуси дигари муҳими Тоҷикистон ба эълони солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» равона гардид. Ин ташаббус бо дастгирии васеи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва масъалаи обро ба яке аз самтҳои марказии рӯзномаи байналмилалии рушди устувор табдил дод.
Дар ин давра таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои дастрасӣ ба оби тоза, беҳдошт, истифодаи самараноки захираҳои об, рушди ҳамкорӣ байни давлатҳо ва пешгирии низоъҳои вобаста ба об бештар гардид.
Соли 2013 бо ташаббуси Тоҷикистон Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид. Ин ташаббус аҳаммияти ҳамкории байни давлатҳоро дар идоракунии захираҳои об, махсусан дар ҳавзаҳои фаромарзӣ таъкид намуд.
Ташаббуси навбатӣ — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» мантиқан идомаи ташаббусҳои қаблӣ мебошад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ин даҳсоларо бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои вобаста ба об ва рушди устувор эълон намуд. Даҳсола аз 22 марти соли 2018 оғоз гардид.
Ҳамин тариқ, давоми якуним даҳсола Тоҷикистон аз пешниҳоди як масъалаи мушаххас — аҳаммияти оби тоза ба ташаккули як рӯзномаи васеи байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об расид.
Аз масъалаи об ба масъалаи криосфера
Тағйирёбии иқлим дар даҳсолаҳои охир муносибати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи захираҳои обӣ дигаргун намуд. Агар дар гузашта масъалаи об асосан дар робита ба норасоии оби нӯшокӣ, рушди кишоварзӣ ва санитария баррасӣ мешуд, имрӯз ба он тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиши захираҳои барфу ях, хушксолӣ, сел, тағйирёбии низоми дарёҳо ва дигар равандҳои муҳити зист низ пайваст шудаанд.
Криосфера — маҷмуи қисмҳои яхбастаи низоми Замин, аз ҷумла пиряхҳо, барф, яхҳои кӯҳӣ ва яхбандии доимӣ яке аз нишондиҳандаҳои ҳассоси тағйирёбии иқлим мебошад. Пиряхҳо танҳо маҷмуи ях дар баландкӯҳҳо нестанд. Онҳо унсури муҳими низоми табиии об ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо обро дар шакли сахт захира карда, дар фаслҳои гарм ва давраҳои камбориш ба низоми дарёҳо ворид мекунанд. Аз ин рӯ, ҳолати пиряхҳо ба захираҳои об, экосистемаҳо, кишоварзӣ, гидроэнергетика ва амнияти аҳолӣ робитаи мустақим дорад.
Созмони Милали Муттаҳид пиряхҳоро яке аз «манораҳои обӣ»-и табиат арзёбӣ мекунад ва таъкид менамояд, ки онҳо барои таъмини оби ширини миллионҳо нафар аҳолии ҷаҳон аҳаммияти калон доранд. Ҳамзамон тағйирёбии иқлим ва коҳиши пиряхҳо хатари норасоии об ва дигар оқибатҳои экологию иҷтимоиро зиёд менамояд.
Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти хос дорад. Тибқи маълумоти дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодшуда, ҷумҳурӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорои яке аз муҳимтарин маҷмуаҳои пиряхӣ мебошад. Тағйирёбии ҳолати пиряхҳо метавонад ба низоми обии на танҳо Тоҷикистон, балки ба мамлакатҳои поёноб низ таъсир расонад. Тибқи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 30 майи соли 2025 дар Душанбе, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон 1300 пирях пурра об шудааст. Ҳамчунин маълумоти ҳамин арзёбӣ нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи солонаи Тоҷикистон дар давраи таҳлилшуда тақрибан 1,2 дараҷа боло рафтааст.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо барои Тоҷикистон танҳо масъалаи илмӣ ё экологӣ нест. Он масъалаи амнияти обӣ, рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Гузариш ба марҳалаи нави дипломатияи пиряхҳо
Яке аз хусусияти муҳими сиёсати Тоҷикистон дар солҳои охир пайвастани рӯзномаи об бо масъалаи пиряхҳо мебошад.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян карда шуд. Ҳамзамон дар доираи ташаббусҳои байналмилалӣ барои солҳои 2025–2034 Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера эълон гардид. Ин иқдомҳо масъалаи пиряхҳо ва криосфераро ба сатҳи нави ҳамкории илмӣ ва сиёсӣ бароварданд.
Моҳияти ин раванд дар он аст, ки ҳифзи пиряхҳо бояд бар асоси маълумоти илмӣ, мониторинги мунтазам ва ҳамкории байналмилалӣ сурат гирад. Пиряхҳо сарҳади сиёсиро намешиносанд ва тағйирёбии онҳо метавонад ба ҳавзаҳои обии фаромарзӣ таъсир расонад. Аз ин рӯ, мубодилаи маълумоти гидрологӣ, глятсиологӣ, метеорологӣ ва моҳворавӣ байни давлатҳо аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Дар ин замина Тоҷикистон масъалаи рушди илмҳои криосфераро ҳамчун яке аз воситаҳои асосии дарки тағйирёбии иқлим ва пешгӯии тағйироти захираҳои обӣ ба миён гузоштааст.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2025 баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе буд. Конфронс 30 майи соли 2025 баргузор шуда, дар он беш аз 2500 коршинос ва намояндагони сатҳи баланд аз 80 давлат, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Аҳаммияти ин чорабинӣ дар он буд, ки масъалаи пиряхҳо дар майдони ягона бо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, об, амнияти озуқаворӣ, энергетика, экосистемаҳо ва рушди устувор пайваста баррасӣ гардид.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар конфронс таъкид намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо ба яке аз буҳронҳои глобалии замони муосир табдил ёфтааст. Ҳамчунин зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, мониторинги фарогир ва рушди таҳқиқоти илмӣ таъкид гардид. Аз нуқтаи назари илмӣ, чунин муносибат муҳим аст, зеро мониторинги пиряхҳо имкон медиҳад, ки тағйирёбии масоҳат, ҳаҷм, тавозуни масса, ҳаракати забонаи пиряхҳо ва ҳолати кӯлҳои пиряхӣ пайгирӣ карда шавад.
Истифодаи маълумоти моҳворавӣ дар якҷоягӣ бо мушоҳидаҳои саҳроӣ, усулҳои геофизикӣ, ченкунии барфу ях ва таҳлилҳои гидрологӣ метавонад барои таҳияи моделҳои дақиқтари тағйирёбии захираҳои обӣ замина фароҳам оварад.
Аз ин лиҳоз, Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера солҳои 2025–2034 бояд ҳамчун имконияти рушди мактаби илмии миллӣ, таҳкими пойгоҳи моддию техникии таҳқиқот ва густариши ҳамкории байналмилалии олимони тоҷик истифода шавад.
Криосфера ва амнияти обии Тоҷикистон
Криосфера бо низоми обии мамлакат робитаи бевосита дорад. Пиряхҳо, барф ва дигар ҷузъҳои криосфера дар ташаккули маҷрои дарёҳои кӯҳӣ саҳм мегузоранд. Аз ин рӯ, тағйирёбии онҳо метавонад ба тақсимоти мавсимии об таъсир расонад.
Дар марҳалаи аввал коҳиши пиряхҳо метавонад ба зиёд шудани обшавии сатҳӣ ва афзоиши ҷараёни об дар баъзе ҳавзаҳо оварда расонад. Аммо дар дарозмуддат, бо коҳиши ҳаҷми пиряхҳо, қобилияти онҳо барои ҳамчун захираи табиии об хизмат кардан низ кам мешавад. Аз ин рӯ, масъалаи пиряхҳоро бояд дар доираи мафҳуми васеътари амнияти обӣ баррасӣ кард.
Амнияти обӣ танҳо мавҷудияти ҳаҷми муайяни об нест. Он дастрасӣ ба оби босифат, устувории манбаъҳои об, ҳифзи экосистемаҳои вобаста ба об, идоракунии хавфҳои селу обхезӣ ва хушксолӣ, рушди инфрасохтори обтаъминкунӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро низ дар бар мегирад.
Аз ин рӯ, сиёсати обии Тоҷикистон дар шароити муосир тадриҷан ба сиёсати ҳамгироёнаи «об — иқлим — криосфера — энергетика — озуқаворӣ — экосистема» наздик мешавад.
Ин равиш аз лиҳози илмӣ низ дуруст мебошад, зеро ҳамаи ин унсурҳо бо ҳамдигар робитаи системавӣ доранд.
Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ
Яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи об таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад. Аҳаммияти ин масъала пеш аз ҳама ба саломатии аҳолӣ, сифати зиндагӣ, рушди иҷтимоӣ ва коҳиши нобаробарии байни шаҳр ва деҳот вобаста аст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ равандҳои ислоҳоти соҳаи об, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва рушди инфрасохтори обтаъминкунӣ амалӣ гардиданд. «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025–2029» ҳамчун яке аз санадҳои муҳими марҳалаи нав қабул гардид.
Тибқи мавқеи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Стратегияи миллии об то соли 2040» ва «Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029» барои суръат бахшидан ба татбиқи ҳадафи 6-уми рушди устувор қабул шудаанд. Дар доираи ҳадафҳои дарозмуддат пешбинӣ шудааст, ки то соли 2040 дастрасии аҳолӣ ба оби мутамаркази ошомиданӣ ба ҳадди ақал 90 фоиз расонида шавад.
Пайванди об, энергетика ва амнияти озуқаворӣ
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Аз ин рӯ, об барои мамлакат на танҳо захираи экологӣ, балки омили муҳими рушди энергетика низ мебошад. Гидроэнергетика метавонад дар таъмини рушди иқтисодӣ, афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва гузариш ба иқтисоди камкарбон саҳм гузорад. Аммо истифодаи захираҳои об бояд бо талаботи экологӣ ва манфиатҳои дигар истифодабарандагони об мутобиқ карда шавад.
Дар ин замина мафҳуми робитаи об- энергетика-озуқаворӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Об барои обёрии заминҳои кишоварзӣ зарур аст; энергетика барои истеҳсол ва интиқоли об аҳаммият дорад; кишоварзӣ бошад, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба об ниёз дорад. Ҳар гуна тағйир дар яке аз ин бахшҳо ба бахшҳои дигар таъсир мерасонад.
Аз ин рӯ, сиёсати об бояд ба таври комплексӣ ва дар асоси таҳқиқоти илмӣ таҳия гардад.
Нақши илм дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ
Яке аз самтҳои муҳими марҳалаи нави сиёсати криосфера рушди илм мебошад. Барои ҳифзи пиряхҳо аввал бояд ҳолати онҳо дақиқ омӯхта шавад. Бе маълумоти боэътимод дар бораи масоҳат, ҳаҷм, ғафсӣ, тавозуни масса, суръати ҳаракат ва суръати ақибнишинии пиряхҳо пешгӯии тағйирёбии захираҳои обӣ душвор аст.
Дар ин самт истифодаи технологияҳои муосир — аксҳои моҳворавӣ, системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ, зондкунии фосилавӣ, моделсозии рақамӣ, мушоҳидаҳои саҳроӣ, усулҳои геофизикӣ, таҳлили изотопии барфу ях ва технологияҳои зеҳни сунъӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера солҳои 2025–2034 махсус барои густариши таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги равандҳои марбут ба пиряхҳо ва дигар ҷузъҳои криосфера пешбинӣ шудааст.
Технологияҳои рақамӣ ва ояндаи мониторинги об
Яке аз самтҳои нави рушди илм ва идоракунии захираҳои об истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.
Маълумоти моҳворавӣ имкон медиҳад, ки тағйироти масоҳати пиряхҳо дар минтақаҳои душворгузар низ пайгирӣ карда шавад. Якҷоя намудани ин маълумот бо мушоҳидаҳои саҳроӣ метавонад дақиқии арзёбиҳоро баланд бардорад.
Зеҳни сунъӣ ва усулҳои таҳлили маълумоти калон низ метавонанд дар муайян намудани тағйироти пиряхҳо, таҳлили тасвирҳои моҳворавӣ, пешгӯии маҷрои об ва арзёбии хавфи офатҳои табиии вобаста ба об истифода шаванд.
Дипломатияи обии Тоҷикистон-таҷрибаи ҳамкории байналмилалӣ
Яке аз хусусияти асосии ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об хусусияти ҳамкорӣ доштани онҳо мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бар пояи идеяи он таҳия шудаанд, ки мушкилоти об танҳо бо кӯшиши як давлат ҳал намешавад.
Ин масъала махсусан барои Осиёи Марказӣ аҳаммияти калон дорад. Дар минтақа дарёҳои фаромарзӣ мавҷуданд ва истифодаи онҳо манфиатҳои давлатҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, муколама, эътимод, мубодилаи маълумот ва ҳамкории илмӣ бояд қисми муҳими идоракунии захираҳои об бошанд.
Дар ин замина Раванди оби Душанбе ба яке аз майдонҳои муҳими байналмилалии муколама оид ба об табдил ёфтааст. Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» моҳи майи соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид.
Дар доираи ин раванд масъалаҳои об на танҳо ҳамчун масъалаи экологӣ, балки ҳамчун масъалаи рушди иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ мешаванд.
Тағйирёбии иқлим ва зарурати мутобиқшавӣ
Яке аз масъалаҳои калидии даҳсолаҳои минбаъда мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим хоҳад буд. Барои Тоҷикистон ин масъала ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои обӣ, кишоварзӣ, энергетика ва офатҳои табиии вобаста ба об робитаи мустақим дорад.
Гузоришҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим аллакай ба захираҳои обии ҷумҳурӣ таъсир расонида истодааст. Арзёбии Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар солҳои охир бо болоравии ҳарорат ва коҳиши шумораи пиряхҳо рӯ ба рӯ шудааст.
Бонки ҷаҳонӣ низ дар гузориши иқлимӣ оид ба Тоҷикистон зарурати мутобиқшавӣ дар пайванди об, энергетика ва озуқаворӣ, навсозии инфрасохтори обёрӣ, беҳтар намудани инфрасохтори интиқол ва захираи об ва барқарорсозии заминҳои осебдида тавассути ҳалли табиатмеҳварро таъкид кардааст.
Аз ин нуқтаи назар, ҳифзи пиряхҳо бояд бо тадбирҳои мутобиқшавӣ дар тамоми ҳавзаи обӣ пайваст карда шавад. Яъне ҳифзи пирях танҳо маънои ҳифзи худи яхро надорад. Он маънои ҳифзи тамоми низоми экологӣ ва иҷтимоии вобаста ба пиряхро дорад.
Иқдоми нав — таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об
Яке аз қадамҳои муҳими марҳалаи нави сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар соли 2026 таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об гардид.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026 чунин ҷоиза таъсис дода шудааст. Мақсади он ҳавасманд намудани фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва амалии вобаста ба масъалаҳои об ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад.
Таъсиси чунин ҷоиза метавонад ба рушди илми обшиносӣ, баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии ҷаҳон ба масъалаҳои об ва дастгирии ташаббусҳои нав мусоидат намояд.
35 соли Истиқлолият: аз ташаббуси миллӣ то рӯзномаи глобалӣ
Агар роҳи тайкардаи Тоҷикистонро давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ аз нигоҳи таърихӣ арзёбӣ кунем, метавон чанд марҳалаи муҳимро ҷудо намуд.
Марҳалаи аввал — солҳои ташаккули давлатдории соҳибистиқлол ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ буд.
Марҳалаи дуюм — ворид намудани масъалаи об ба рӯзномаи байналмилалӣ ва ташаббусҳои вобаста ба Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад.
Марҳалаи сеюм — ташаккули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва таҳкими «Раванди оби Душанбе» мебошад.
Марҳалаи чорум — пайвастани рӯзномаи об бо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, пиряхҳо ва криосфера мебошад.
Марҳалаи панҷум — ба сатҳи нави байналмилалӣ баровардани масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва оғози Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера солҳои 2025–2034 мебошад.
Ин пайдарҳамӣ нишон медиҳад, ки сиёсати обии Тоҷикистон хусусияти давомдор дошта, бо тағйирёбии масъалаҳои глобалӣ мутобиқ мегардад.
Самтҳои афзалиятнок барои солҳои минбаъда
Дар марҳалаи нави рушди сиёсати об ва криосфера якчанд вазифаи муҳим пеш меояд.
Якум, таҳкими низоми миллии мониторинги пиряхҳо ва дигар унсурҳои криосфера мебошад.
Дуюм, рушди пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷҳизоти муосир барои омӯзиши пиряхҳо, барф, яхбандии доимӣ ва захираҳои обӣ мебошад.
Сеюм, ташкили низоми ягонаи маълумоти обӣ ва криосферӣ, ки маълумоти гидрологӣ, метеорологӣ, глятсиологӣ, моҳворавӣ ва дигар маълумоти соҳавиро муттаҳид созад.
Чорум, рушди ҳамкории илмӣ бо марказҳои байналмилалии пиряхшиносӣ, иқлимшиносӣ ва гидрология.
Панҷум, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва зондкунии фосилавӣ барои мониторинги пиряхҳо ва пешгӯии тағйирёбии захираҳои об.
Шашум, такмили инфрасохтори обтаъминкунӣ ва таъмини устувори аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ.
Ҳафтум, татбиқи технологияҳои сарфакунандаи об дар кишоварзӣ, саноат ва соҳаи маишӣ.
Ҳаштум, таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ.
Нуҳум, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги истифодаи оқилонаи об дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон.
Даҳум, ҷалби сармоягузорӣ ва маблағгузории байналмилалӣ барои татбиқи лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъминоти аҳолӣ бо оби тоза.
Давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи об аз як масъалаи соҳавӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати миллӣ ва байналмилалии мамлакат табдил ёфт.
Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ба ташаккули рӯзномаи байналмилалии ҳамкорӣ дар ин самт мусоидат намуда, масъалаҳои оби тоза, ҳамкории байналмилалӣ, рушди устувор ва идоракунии оқилонаи захираҳои обро ба сатҳи баланди байналмилалӣ бароварданд.
Ҳамин тавр, таҷрибаи 35 соли истиқлолият нишон медиҳад, ки масъалаи об барои Тоҷикистон ҳамзамон масъалаи экологӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, энергетикӣ ва байналмилалӣ мебошад.








ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ






