ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии кӯчиши парандагон дар минтақаи Осиё буда, аз байни қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ҳазорҳо парандагон дар фаслҳои гуногуни сол кӯчиш карда, ба самти шимол ё ҷануби кураи Замин мераванд. Имрӯз, 10 октябр Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир /World Migratory Bird Day/ мебошад, ки ҳамасола шанбеи дуюми моҳи октябр таҷлил мегардад.
Конвенсияи байналмилалии ҳифзи парандагон
19 марти соли 1902 «Конвенсияи байналмилалии муҳофизати парандагон-муҳофизаткунандаи зироати кишоварзӣ» пешниҳод гардид, ки 11 октябри соли 1905 он ҳукми қонунӣ гирифт. Баъдтар, 18 октябри соли 1950 он дар шаҳри Париж ба «Конвенсияи байналмилалии муҳофизати парандагон» иваз карда шуд. Рӯзи ҷаҳонии парандагони муҳоҷир шанбеи дуюми моҳи май ва шанбеи дуюми моҳи октябр таҷлил мегардад. Ин сана барои фарогирии мавсими муҳоҷирати парандагон дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ интихоб шуда, аз ҷониби Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) дастгирӣ карда мешавад.
Ҳадафи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии парандагони муҳоҷир
Ҳадафи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии парандагони муҳоҷир баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳон оид ба ҳифзи парандагони муҳоҷир ва макони зисти онҳо, роҳҳои кӯчиш ва тарзи сукунати ин парандагон, дар маҷмуъ ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи олами парандагон мебошад.
Тавре таъкид намудем, Тоҷикистон дар масири муҳими муҳоҷирати парандагон аз Осиёи Марказӣ қарор дорад. Аз зиёда аз 400 намуд парандаҳое, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, беш аз 200 намудашон парандаҳои кӯчанда мебошанд. Бисёр парандагон баробари саршавии фасли тирамоҳ ва коҳиши дону ғизо ба минтақаҳои гарм парвоз карда мераванд.
Тағйирёбии мавсими сол-сабаби кӯчиши парандагон
Олимон муайян кардаанд, ки кӯчиши парандагон ба тағйирёбии мавсими шароити сукунат ва камшавии ғизо вобаста аст. Барои чӯҷабарорӣ парандаҳои ноҳияҳои шимолӣ ва иқлимашон муътадил ба ҷойҳои гарм парвоз мекунанд. Одатан, дар аввали баҳор ба ҷойи сукунати худ парвоз кардани парандагон ба зуҳуроти ғаризавии (инстинктӣ) таносул ё афзоишкунӣ вобаста мебошад. Кӯчиши тирамоҳӣ ба кам шудани хӯрок, кӯтоҳ шудани рӯз ва сардшавии ҳаво рабт дошта, ин тағйироти мавсимӣ гӯё бонгест барои парвоз карда рафтан аз маҳали бехӯрок.
Кӯчиши булбул, заргулдор ва фароштурукҳо
Дар тирамоҳ аз ҷумҳуриамон аввалин шуда, булбул, заргулдор, достак ва фароштурукҳо кӯч мебанданд. Баъдтар баробари сардшавии ҳаво ғозҳо, мурғобӣ ва турнаҳо мераванд. Лаклаки сафед барои зимистонгузаронӣ ба масофаи хеле дур- ба Африқои Ҷанубӣ парвоз менамояд. Бисёр намудҳои парандаҳои Тоҷикистон дар Африқои Ҷанубӣ ва Ҳиндустон зимистонро мегузаронанд. Аввали баҳор ин парандаҳо боз парвоз карда, меоянд. Ба ҷойи зимистонгузаронӣ ва лонагузорӣ парандаҳо бо роҳи муайян роҳи дуру дарозро тай мекунанд. Парандаҳои муқимӣ, масалан гунҷишки хонагӣ, мусича, майна, фохта, қумрӣ ва ғайра тамоми фаслҳои сол дар ҷойи муайян зиндагӣ мекунанд.
Роҳи кӯчиши парандаҳо чӣ гуна муайян карда мешавад?
Ҷойи зимистонгузаронӣ ва роҳи парвози парандаҳо бо усули ҳалқабандӣ омӯхта мешавад. Ба пойи паранда ҳалқаи сабуки алюминӣ, ки дар он рақам ва маркази ҳалқабандӣ навишта шудааст, баста мешавад. Агар парандаи ҳалқадорро дар дигар мамлакатҳо олимон даст гиранд, ба унвони ҳамон маркази ҳалқаи басташуда хабар медиҳанд. Аз рӯи ин маълумот ҷойи зимистонгузаронии парандаҳо ва роҳи кӯчиши онҳо муайян карда мешавад.
Беш аз 410 намуди паранда дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тибқи маълумот ва мушоҳидаҳои олимон солҳои охир беш аз 410 намуди паранда мавҷуд аст, ки ба 17 қатору 56 оила мансуб буда, 82 намудашон парандаи муқимӣ мебошанд. Дар ҷумҳурӣ давоми сол парандагон минтақаҳои зисташонро бо сабабҳои гуногун иваз мекунанд. Мисол, барои лонагузорӣ дар мавсими баҳор ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон ғози кӯҳӣ ва сочҳо, аз Покистон достакҳою фароштурукҳо, аз Эрону Арабистон дуғдоғҳо, аз Сибир сангобдавакҳо села-села парида меоянд.
Парандагоне, ки зимистонро дар Тоҷикистон мегузаронанд, мурғобиҳо, калхотҳо, шурнӯлҳо, зоғчаҳо, сангобдавакҳо мебошанд ва баръакс, ба минтақаи Сибири Русия барои лонагузорӣ парида мераванд. Инчунин 80 намуди парандагон, аз қабили мурғобии калон, мурғобии ҳуштаккаш, мурғобии хокистаранг, мурғобии нӯлсурхак, мурғобии сурх, уқобҳо ва парандаи соҳибчангол, шабкараи саҳроӣ ва ботлоқӣ, гавдара, мурғаки найзор, моҳихӯракҳои кабудранг, қаҳваранг ва баҳрӣ барои зимистонгузаронӣ ба Тоҷикистон меоянд.
Таъсири тағйирёбии иқлим ба кӯчиши парандагон
Ба андешаи олимони Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тағйирёбии иқлим ва гармшавии кураи Замин солҳои охир ба олами парандагон, хусусан парандаҳои муҳоҷир, ки дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ кӯчиш мекунанд, таъсир расонидааст. Даҳсолаҳои қабл парандаҳо аз дигар давлатҳо барои зимистонгузаронӣ бештар ба Тоҷикистон кӯчиш мекарданд, аммо солҳои охир бо сабаби гармшавии ҳаво баъзе намудҳои парандаҳо, ба монанди мурғобишаклон, парандагони даранда, зоғмонандҳо, фароштурукҳо, сочҳо ва ғайраҳо коҳиш ёфта, бо шумораи хеле кам ба қайд гирифта мешаванд. Ин раванд бозгӯи он аст, ки тағйирёбии иқлим ва гармои бесобиқа ба кӯчиши парандагон таъсир расонидааст.
Макони сукунати парандагон
Соҳилҳои кӯлу дарёҳо ва обанборҳо, инчунин ҳудудҳои мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон, ба мисли «Бешаи палангон», Резервати биосферии «Ромит», «Дашти Ҷум» ва «Зоркӯл» ба макони сукунати парандагони муҳоҷир ва ҳам муқимӣ табдил ёфтаанд. Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» давоми сол 242 намуд паранда ба қайд гирифта шудааст. Сабаби зиёд вохӯрдани парандагон дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» он аст, ки мамнуъгоҳ минтақаи муҳофизатшаванда буда, дар он биотопҳои ҷангал, обию ботлоқӣ, биёбонӣ ва ғайраҳо барои шабгузаронӣ ва истироҳату сукунати парандагон мавҷуданд. Дар маҷмуъ, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии парандагони муҳоҷир ҷомеаи ҷаҳонро водор месозад, ки дар ҳифзи парандагони муҳоҷир тадбирҳои муассир андешанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






