Дар шаҳри Хоруғ доир ба таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар шаҳри Хоруғ дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 конференсияи минтақавӣ дар мавзуи «Таҳкими соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилот» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими марбут ба соҳаи ҳифзи иттилооти дастрасиашон маҳдуд ва ҳифзи техникии иттилоот баррасӣ карда шуданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ин самти фаъолият дар замони соҳибистиқлолӣ давра ба давра ташаккул ёфта, бо таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохториаш ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида мешавад.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки риояи бечунучарои талаботи қонунгузории соҳа, ташаккул додани сиёсати дохилиидоравии ҳифзи иттилоот ва назорати пайвастаи амалигардонии он, тақсимоти дурусту босамари вазифаҳо байни кормандон, истифода аз воситаҳои техникии ҳифз ва коркарди иттилоот, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар фаъолияти рӯзмарра мувофиқи мақсад мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






