Дар шаҳри Норак бо падару модарони хонандагони муассисаҳои таълимӣ мулоқоти судманд доир шуд
НОРАК, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо иштироки роҳбарият, масъулони шуъбаи маориф ва падару модарон вохӯрӣ гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти ин шаҳр.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама, масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд, мебошад. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил зиндагии мо хуш мегузарад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон бояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак метавонад оқибатҳои ногувор ба бор орад ва ҳатто онҳо метавонанд ояндаи худро зери хатар гузоранд.
Иброз гардид, ки имрӯз Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибу ғамхориҳои зиëде баҳри ҷавонон пеш гирифтаанд. Ҳар ҷавони ватандӯстро мебояд баҳри пешрафт,шукуфоӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ хизмати содиқона намояд.
Таъкид гардид, ки ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он вазифадор ҳастанд.
Тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Хулқу атвор ва ояндаи фарзанд аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар вобастагии калон дорад. Ҳар муносибатеро, ки кӯдак дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат дучор шуд, ҷоҳил мегардад.
Ҳамзамон масъулин доир ба омодагиҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон ва дигар омилҳои номатлуб ибрози андеша намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






