Дар шаҳри Норак вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Норак вохӯрии гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо сокинон ва фаъолони шаҳр доир гардид.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки ҳадафи асосии вохӯрии мазкур таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, омӯзиши илм, касбу ҳунар, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян намудани сабабу шароити гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб мебошад.
Иштирокдорони вохӯрӣ иброз доштанд, ки маърифати ҳуқуқии инсон қисми таркибии маданияти маънавӣ ба ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин соҳиби малака ва тавоноӣ вобаста аст.
Таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.
Ҳамзамон изҳор карда шуд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






