Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024» доир шуд

Июнь 15, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024» доир гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадаф аз баргузории ҳамоиш тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба интихоби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Таъкид гардид, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҳамарӯза дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ пайваста чунин чорабиниҳо доир менамояд.

Ин навбат  доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ,  хусусан ба наврасону ҷавонон  фаҳмонидани зарар ва оқибатҳои фоҷеабори истеъмоли маводи нашъаовар, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим тавассути ҳарчи зиёдтар шуғл варзидан ба варзиш, дар маҷмуъ баҳри ҳифзи солимии ҷомеа ҳамоиш доир шуд.

Дар ҳамоиш ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд, ки байни ҷавонони шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июнь 15, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад