Давоми ду даҳсола ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои об нақши муҳим гузоштанд

Июнь 13, 2024 10:27

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Давоми ду даҳсолаи охир ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардидаанд, дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳҳои гуногун, ҳавасмандгардонии муколама ва амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои захираҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳадафҳое, ки дар Рӯзнома дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030  гузошта шудаанд, нақши муҳим гузоштанд», — изҳор намуд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии тадорукот Қоҳир Расулзода дар нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”.

Сарвазири кишвар  ёдовар шуд, ки моҳи марти соли 2023 дар ҷараёни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон якчанд масъулияти ихтиёрӣ, аз ҷумла истифодаи барномаи «Раванди оби Душанбе» барои татбиқи минбаъдаи натиҷаҳои Конфронси обии СММ-2023, аз ҷумла Рӯзномаи амал оид ба обро ба уҳда гирифт.

Раванди оби Душанбе, ибтикори ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ба дастгирии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тавассути конфронсҳои дусола аз ҷониби Тоҷикистон ва Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид равон гардидааст.

«Тавассути ин ташаббусҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли масъалаҳои об ва беҳбуди ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намояд», — гуфт Қоҳир Қасулзода.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2024 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид