Евгений Жуков: «Бо дастгирии Бонки Осиёии рушд Ҳукумати Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз»-ро барои давраи то соли 2027 қабул намуд»

Июнь 12, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самарабахш дошта, мақсад гузоштааст, ки онро дар масъалаи устувор будан ба тағйирёбии иқлим дастгирӣ намояд. Минбаъд Бонки Осиёии рушд ҳамаи лоиҳаҳояшро аз нуқтаи назари муносибат бо иқлим баррасӣ мекунад. Ҳамчунин мо барои бештар намудани сармоягузории бахши хусусии Тоҷикистон фаъолона амал мекунем», — изҳор намуд Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков.

Дар баробари дигар меҳмонон аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков низ барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳмолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе қарор дорад.

Афзалият ва самтҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон, барномаҳои Бонки Осиёии рушд дар мамлакат, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои бонк дар Тоҷикистон — мавзуъҳое мебошанд, ки Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков ҳангоми мулоқот бо роҳбарони сохторҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат баррасӣ мекунад.

Намояндаи Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» гуфт, ки Бонки Осиёии рушд мавзуъҳои устувор будани Тоҷикистон дар рӯ ба рӯ бо тағйироти иқлимӣ, сар садани ҳолатҳои ногаҳонӣ ва ғайричашмдошти боду ҳаво, ҳамчунин рушди бахши хусусии Тоҷикистонро баҳри таъмини инкишофи босифати мамлакат муҳим мешуморад.

«Тоҷикистон ба мушкилот ва хатарҳои тағйирёбии иқлим рӯбарӯ мешавад, ки ин дар навбати худ ба мамлакат хисороти ҳаҷман бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мерасонад. Давоми 34 соли охир Тоҷикистон беш аз 20% пиряхҳои худро бебозгашт аз даст додааст. Ин барои иқтисоди Тоҷикистон хатари воқеан ҳам ҷиддӣ дорад, зеро пиряхҳо таъминкунандаи оби дарёҳо мебошанд. Дарёҳо сарчашмаи обёрии заминҳо ва истеҳсоли неруи барқ ҳастанд».

Хотиррасон мекунем, ки бо дастгирии Бонки Осиёии рушд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисоди «сабз»-ро барои давраи то соли 2027 таҳия ва тасдиқ намуд. Дар ин стратегия 11 самти муҳими рушд муайян шудаанд, аз ҷумла самтҳои туризми экологӣ, сохтори идораи партовҳо, беҳтар намудани истифода ва самаранокии неруи барқ ва ғ.

Дар доираи Нақшаи сармоягузории иқлимӣ, ки рӯзҳои наздик Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд онро мавриди амал қарор медиҳанд, имконияти мамлакат барои дастрасӣ ба сармоягузории дохилӣ ва байналмилалӣ бештар ва беҳтар мегардад.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон