«Фалсафаи ваҳдат ва истиқрори сулҳи тоҷикон». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир гардид

Июнь 15, 2024 20:02

ДУШАНБЕ, 15.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 27-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Фалсафаи ваҳдат ва истиқрори сулҳи тоҷикон» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ омили асосии оромиву субот ва ҷузъи муҳимтарини ҳувият, андеша ва ғояи миллии тоҷикон ба шумор меравад. Аз лаҳзаи ба имзо расидани ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 сол сипарӣ гардид. Ин солҳо чун 27 соли эҳёи миллат, баҳамоӣ, худсозиву худшиносӣ, таъмини сулҳу субот ва эъмори давлати навини тоҷикон ба назар мерасанд.

Иштирокчиён зимни маърузаҳо ёдовар шуданд, ки оғози марҳилаи навини давлатдорӣ барои мардуми тоҷик ниҳоят душвор ва гарон афтод. Таъкид карда шуд, ки дар ин роҳи басе душвор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоату ҷасорати нотакрор, фаросати волои давлатдорӣ, меҳри ватанпарастиву миллатдӯстӣ ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда, сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июнь 15, 2024 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад