ФУТБОЛ. Машғулиятҳои омӯзишӣ аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В» ба охир расид
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи муҷаввизи «В» оид ба футбол ба анҷом расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Марҳилаи якуми машғулиятҳои мураббигӣ дар Душанбе аз 11 то 20 май ва марҳилаи дуюм аз 11 то 20 июн баргузор гаштанд.
Дастурдиҳандаи асосии машғулиятҳо инструктори Конфедератсияи футболи Осиё Боир Игамбердиев ва ёвари ӯ инструктори Федератсияи футболи Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев буданд.
Дар ҷамъбасти машғулиятҳои мураббигӣ директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков иштирок намуда, иштирокчиёнро барои хатми бомуваффақонаи машғулиятҳо табрик карда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно намуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






