ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ИСЛОМОБОД. Шуруъ аз 27 июн «Сомон Эйр» байни Тоҷикистон ва Покистон парвозҳои мунтазамро оғоз менамояд

Июнь 26, 2024 15:03

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамаро аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Покистон — шаҳри Исломобод оғоз менамояд. Ифтитоҳи хатсайри Душанбе — Исломобод — Душанбе ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат такони нав бахшида, бобати таҳким ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои фарҳанг, иқтисод, тиҷорат ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Сомон Эйр».

Парвози нахустин 27 июни соли 2024 анҷом дода шуда, минбаъд парвозҳо ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Исломобод — 13:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз 2 соатро ташкил дода, парвозҳои мустақим тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мегарданд.

Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Беназир Бҳутто аз рӯи бузургиву имконот сеюмин фурудгоҳи Покистон маҳсуб шуда, аз фурудгоҳи Исломобод парвозҳои мустақим ба Амстердам, Бангкок, Барселона, Бирмингем, Копенгаген, Лондон, Манчестер, Милан, Осло, Париж, Пекин, Рум, Истанбул, Токио, Торонто, Абу-Дабӣ, Баҳрайн, Ҷидда, Доҳа, Дубай, Кобул, Кувайт, Маскат, Трабзон, Урумчӣ, Шарҷа, Риёз ва дигар шаҳрҳо амалӣ мешаванд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 муваффақона фаъолият дошта, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.

Тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалиятҳои асосии ширкат мебошанд ва дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Узбекистон анҷом медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар

Июнь 26, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд