ҲИКМАТИ БУЗУРГОН ҶАВОНОНРО БА МАНЗИЛ МЕБАРАД. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат

Июнь 6, 2024 13:58

ДУШАНБЕ, 06.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон  зимни вохӯрӣ бо аҳли илм ва маорифи мамлакат 30 майи соли 2024 таъкид намуданд, ки дар ҳама кору пайкор ҷавононро дастгирӣ намуда, тамоми саъю кӯшишро ба соҳибтахассус шудани онҳо равона намоянд. Ба олимону муҳаққиқони соҳибунвону таҷрибадор дастур дода шуд, ки дар омодасозии кадрҳои ҷавон бетарафӣ накарда, ёрии ҳамаҷониба расонанд. Зеро нақш ва мақоми бузургсолон дар тарбия ва таълими насли ҷавон хеле таъсири баланд мегузорад. Чунин нигоштааст ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Воқеан маҳз насли калонсолу донишманд аст, ки ҷавонон дар руҳияи инсонгароӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия меёбанд. Бузурге беҳуда нагуфтааст: «Ҳикмати пирон ҷавононро ба манзил мебарад».

Президенти Тоҷикистон неруи бузурги ҷавононро ба инобат гирифта, ба онҳо ҳамчун ояндасозони давлату миллати тоҷик таваҷҷуҳи зиёд доранд ва пайваста дастгиру роҳнамояшон мебошанд. Пешвои миллат ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонони  мамлакат пайваста бо назари нек менигаранд ва дар тарбияи онҳо нақши муассир мегузоранд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати мамлакат маҳсуб шуда, барои рушди ҷавонон давра ба давра тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Имрӯз таҳти сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору пайкор, илмомӯзию донишазхудкунии ҷавонон муассисаҳои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Яке аз соҳаҳои афзалиятноке, ки дар он ҷавонон сарбаландона ифои вазифа доранд, ин соҳаи илму маориф мебошад. Агар аз як ҷониб ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзишу азхудкунии дониш машғул бошанд, аз ҷониби дигар, ҷавонон бо таҳқиқ сару кор мегиранд.

Бояд ҳар фарди тоҷик суханони Пешвои муаззами миллатро шиори рӯзгор намуда, дар роҳи тарбияи насли донишманду соҳибфарҳанг нақши бориз гузорад.

Тавре аз раванди ҷаҳони пуртазод ва олудаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бармеояд, қишре, ки пайваста зери хатар қарор дорад, пеш аз ҳама, ҷавонон мебошанд. Аз таҳлил ва гуфтаҳои коршиносон бармеояд, ки саркардагони гурӯҳҳои террористӣ сафи худро бештар аз ҳисоби тоифаҳои бесаводу дур аз илму маърифат пурра месозанд. Мутаассифона, дар байни ҷавонони дигар давлатҳо бархе аз ҷавонони тоҷик низ ба ин гурӯҳҳои даҳшатбор дохил мебошанд. Аслан ҷавонони ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳшуда ҷавонони бедонишу дур аз таълим ва тарбияи дуруст буда, дар вуҷудашон заррае меҳр бар падару модар ва ватан нест. Аз ин рӯ, вазъи феълӣ на танҳо як бахши ҷомеа, балки тамоми ҷомеаро водор месозад, ки тарбияи комили ҷавононро қарзи ватандӯстии худ донанд.

Дар идомаи суханронӣ Президенти Тоҷикистон фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) ва фаъолияти шуроҳои дифоъ, фаъолияти паркҳои технологӣ, таъсиси синфхонаҳои озмоишӣ, таъмини синфхонаҳои таълимиро бо мизу курсиҳои наву замонавӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз муассисаҳои фаъол ва пешсаф дар ҷумҳурӣ буда, дар омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ нақши беназир дорад. Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф барои дар сатҳи баланд омода намудани омӯзгорони ояндаи мамлакат дар донишгоҳ тамоми шароити заруриро фароҳам меоварад. Дар ду соли охир дар донишгоҳ чандин корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар дараи Ромит Маркази таҷрибаомӯзии агролаборатории дуошёна барои факултетҳои биология, химия ва география мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин маркази таҷрибомӯзӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардида, донишҷӯён метавонанд таҷрибаомӯзияшонро вобаста ба таълими замони муосир анҷом диҳанд. Инчунин дар ҳамин сол дар донишгоҳ 5 озмоишгоҳи наву замонавӣ дар факултетҳои биология, химия ва физика ташкил карда шуд.

Масоили дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он диққати махсус зоҳир намуданд, ин фаъолияти технопаркҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ мебошад. Дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ парки технологие давоми солҳои зиёд ба ном мавҷуд буда, ҳеҷ гуна фаъолиятеро пеш намебурд. Ду сол мешавад, ки фаъолияти ин парк фаъол карда шуда, тамоми мизу курсиҳо ва ҷевонҳои утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимиро бо истеҳсоли худ таъмин менамояд. Рӯзҳои наздик дар нақша аст, ки ғайр аз истеҳсоли мизу курсиҳои таълимӣ дар парки технологӣ дигар ашёи рӯзгор истеҳсол карда шавад.

Дар баробари ҳамаи ин дар соли таҳсили 2023-2024 аз ҷониби Ассотсиатсияи таҳсилоти олии Чини Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази хизматрасонии Чин оид ба табодули байналмилалии илмии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин 89 ихтисоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аккредитатсияи байналмилалии донишгоҳӣ (Institutional accreditation) гузашт.

Барои супоридани ин сертификат намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла Чжао Хун Лян, директори ширкати таҳсилотии Шангдони Чин, Ден Ронг Бан, ректори Донишкадаи Техникии Кумин ва 10 омӯзгори муассисаҳои олии Чин ба донишгоҳ омаданд.

Инчунин Муассисаи «London School of Digital Business» Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ ва эътирофи дастовардҳо ба «Ҷоизаи беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023-и Муассисаи Лондон оид ба тиҷорати рақамӣ (LREA 2023)» сазовор донист.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти байналмилалии густурдаро пеш гирифта, дар айни замон бо зиёда аз 120 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷии дуру наздик шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Мояи хушнудӣ аст, ки фаъолияти илмӣ-таълимии донишгоҳ аз тарафи давлатҳои хориҷӣ баҳои баланд гирифта, имсол  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯйи рейтинг дар раддабандии муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии  Чин ҷойи аввалро соҳиб гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Он омили муҳим барои ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа аст
АРҒУШТИ СИТОРАГОН БУВАД ДАР ЧАКАНАТ. Чаро баъзе аз духтарон дар пӯшидани либос ба фарҳанги бегона рӯ меоранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани зайтун барои коҳиши холестерин муфид буда, бемории сактаи дилро пешгирӣ мекунад
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
САДА-САРОҒОЗИ СУННАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Он қадимтарин ҷашни башарият аст
Чаро дар Тоҷикистон баргузории маъракаю маросим кам, вале ҳуқуқвайронкунӣ зиёд шудааст?
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд